Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод
Украина анборҳои логистикии Русия дар Санкт-Петербургро ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор дод
Украина дар идомаи ҳамлаҳои паҳподии худ ба дохили Русия, марказҳои логистикии ширкати “Вайлдбериз” дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинградро ҳадаф қарор додааст. Ҳамзамон гузоришҳо аз ҳамлаи мушакӣ ба як корхонаи саноати ҳавоии вобаста ба ширкати дифоии “Алмаз-Антей” дар шаҳри Киров ҳикоят доранд.
Ба гузориши манобеи хабарӣ ва таҳлилгарони иттилооти манбаи боз (OSINT), дар пайи ин ҳамлаҳо ширкати “Вайлдбериз” фаъолияти ду маҷмааи бузурги логистикии худро ба таври муваққат қатъ кардааст.
Гурӯҳи таҳлилгарони “Астра” (ASTRA) низ бар асоси наворҳо ва тасвирҳои шоҳидони айнӣ, сар задани оташсӯзӣ дар се сохтмон дар минтақаи саноатии Уткина Заводро тасдиқ кардааст.
Бар асоси ин гузоришҳо, яке аз анборҳои “Вайлдбериз” дар рустои Новосаратовка, воқеъ дар ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленинград, низ ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва оташ гирифтааст.
Ҳамзамон, расонаҳо аз ҳамлаи мушакӣ ба корхонаи саноати ҳавоии “Авиатек” дар шаҳри Киров хабар додаанд. Ин корхона бахше аз маҷмааи саноати дифоии “Алмаз-Антей” ба шумор меравад ва дар заминаи тавлиди сомонаҳои падофанди ҳавоӣ ва таҷҳизоти низомӣ фаъолият мекунад.
То кунун мақомоти Русия ҷузъиёте дар бораи мизони хисорот ё талафоти эҳтимолии ин ҳамлаҳо мунташир накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Украина ҳафтаи гузашта низ чанд маркази логистикии ширкати “Вайлдбериз”-ро дар шаҳри Электростали вилояти Маскав ва шаҳри Котовскии вилояти Тамбов бо паҳпод ҳадаф қарор дода буд. Дар пайи он ҳамлаҳо, оташсӯзии густарда дар анборҳои ширкат рух дод ва бахше аз молҳои захирашуда аз байн рафт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад