Аврупо аз наздикшавии эҳтимолии Вашингтон ва Маскав нигарон аст
Вақте журналист ҷосус мешавад. Русия як журналисти ҷопониро боздошт кард
Ҳамлаи мушакии Яман ба Риёз: 4 нафар захмӣ ва 15 хона осеб дидаанд
Толибон: Итминон медиҳем, ки аз тарафи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ҳеч осебе нахоҳад расид
Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд
Радион Мирошник, дипломати рус мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои як ҳафтаи ахири Украина ба хоки Русия 52 ғайринизомӣ, аз ҷумла 5 кӯдак куштаву 270 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Хабаргузории “ТАСС” дар ин бора хабар дода, ба нақл аз Радион Мирошник менависад, ки дар маҷмуъ 326 ғайринизомӣ дар ҳамлаҳои ҳафтаи гузаштаи Украина ба хоки Русия осеб дидаанд. Аз ин шумора 274 нафар, аз ҷумла 11 кӯдак захмӣ ва 52 нафари дигар, аз ҷумла 5 кӯдак ҷони худро аз даст додаанд. Ин мақоми рус мегӯяд, 96 фоиз, яъне 312 нафар дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи ин мақоми рус бештари талафоти ғайринизомиён дар вилоятҳои Белгород, Брянск, Запороже, Курск ва Херсон, ҳамчунин, дар минтақаҳои Донетск ва Луганск сабт шудааст.
Радион Мирошник гуфтааст, неруҳои мусаллаҳи Украина дар давоми як ҳафтаи ахир тақрибан 8500 тиру тӯфанг ва муҳимоти мухталифро ба қаламрави Русия партоб кардаанд.
Ин рақамҳо аз ҷониби мақоми Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр мешавад ва то ҳол аз ҷониби мақомоти низомии ин кишвар тасдиқ нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ
Дипломати рус: Дар ҳамлаи Украина ба хоки Русия кӯдакону ғайринизомиён кушта мешаванд
Филми эронии “Қиморбоз” дар ҷашвораи “Тоҷи Сомон”-и Душанбе намоиш дода мешавад
Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад