Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Такрори тирпарронӣ дар Таиланд пас аз чанд рӯзи куштор дар мактаб
Дар идомаи ҳодисаи хунини тирпарронӣ дар як мактаб дар Таиланд, як фарди мусаллаҳ имрӯз дар ҳамон вилоят даст ба тирпарронӣ зада, як мақоми баландпояи маҳаллӣ ва ронандаи ӯро захмӣ кардааст.
Ба гуфтаи фармондеҳи пулиси вилояти Нонтхабурӣ, ки бо пойтахти Таиланд шаҳри Бангкок - ҳаммарз аст, ин ҳодиса дар як идораи давлатӣ дар ин вилоят рух додааст. Дар пайи тирпарронӣ як мақоми баландпояи вилоятӣ ва ронандаи ӯ захмӣ шуда, барои табобат ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Муовини раиси вилояти Нонтхабурӣ гуфтааст, ки гумонбари тирпарронӣ боздошт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, гумонбар намояндаи пешини парлумон будааст.
Ин ҳодиса ҳамагӣ чанд рӯз пас аз як тирпарронии маргбор дар ҳамин вилоят рух додааст. Дар ҳодисаи рӯзи ҷумъа, як хонандаи наврас, ки тибқи гузоришҳо бобову бибиашро бо тир кушта буд, дар як мактаб шаш нафари дигарро низ кушта ва сипас, худкушӣ кардааст.
Тирпарронии рӯзи ҷумъа маргбортарин тирпарронии дастаҷамъӣ дар Таиланд дар тақрибан чаҳор соли гузашта ба шумор меравад.
Такрори тирпарронӣ дар ҳамон вилоят, чанд рӯз пас аз ҳодисаи маргбор дар мактаб, нигарониҳоро дар бораи амнияти муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ин минтақа бештар кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид