Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Си Ҷинпин мумкин аст ҳафтаи оянда ба Кореяи Шимолӣ сафар кунад
Расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ гузориш додаанд, ки Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин эҳтимолан ҳафтаи оянда ба Кореяи Шимолӣ сафар кунад.
Хабаргузории “Юнҳап” рӯзи чоршанбе, 20-уми май ба нақл аз як мақоми давлатӣ гузориш додааст, ки ин сафар эҳтимолан дар охирҳои моҳи май ё аввали июн анҷом хоҳад шуд.
Бар асоси гузориш, гурӯҳе аз мақомҳои амниятӣ ва ташрифотии Чин низ ахиран ба Пхенян сафар кардаанд.
Тибқи гузориш, Си Ҷинпин талош хоҳад кард дар танишҳои миёни Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи Шимолӣ нақши миёнҷиро ифо кунад.
Дар гузориш омадааст, ки Си ҳафтаи гузашта мизбони Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико буд ва эҳтимол дорад пас аз он барои гуфтугӯ бо Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Пхенян сафар кунад.
Чин яке аз наздиктарин муттаҳидони сиёсӣ ва иқтисодии Кореяи Шимолӣ ба шумор меравад ва ду кишвар дар моҳҳои ахир талош кардаанд равобити худро пас аз давраи ҳамагирии коронавирус тақвият кунанд.
Доналд Трамп низ пештар гуфта буд, ки барои дидори дубора бо Ким Чин Ин омодагӣ дорад ва бо ӯ равобити хубе дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид