Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Путин гуфт бо Трамп омодааст, ки музокира кунад
Владимир Путин, президенти Федератсия Русия зимни табрик намудани Трамп ба хотири 47-умин президенти Амрико интихоб шуданаш таъкид намуд, ки омодааст, бо президенти нави Амрико доир ба масоили муҳим гуфтугӯ кунад.
Владимир Путин зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Сочӣ бо ишора ба сӯйиқасдҳои анҷомшуда бар зидди Трамп гуфт, ки ӯ “марди шуҷоъ” аст.
“Ба назари ман ӯ шеваҳои бисёр дуруст, шуҷоъона, монанди як марди воқеӣ рафтор кард. Ман аз ин фурсат истифода мекунам ва интихобашро ба ӯ табрик мегӯям” – таъкид намуд Президенти Федератсияи Русия.
Владимир Путин ваъдаҳои Доналд Трамп дар робита ба масъалаи эҳёи робита бо Русия ва поён додан ба ҷанги Укрианаро шоистаи таваҷҷуҳ донист. Ӯ гуфт “Омодааст дар сурати тамоюли ҳукумати Трамп тамосҳоро аз сар бигирад ва барои гуфтугӯ бо ӯ омодааст”.
Қабл аз ин Мария Захарева, сухангӯйи вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфта буд, ки барои Маскав тафовуте надорад, ки натиҷаи интихоботи ИМА чӣ хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд