


Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид

Дар Душанбе Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ “диалоги зиддитеррористӣ” доир кард

Муносибати системавӣ ба таълим ва қонунигардонии муҳоҷирати меҳнатӣ

Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”
Посухи Гурҷистон ба Макрон: “Ба Украина нигоҳ кун!”
Сарвазири тозаинтихоби Гурҷистон ба изҳороти Эмануэл Макрон дар робита ба дахолати Русия дар интихоботи Гурҷистон вокуниш нишон дод. Ираклий Кобахидзе дар вокуниш ба изҳороти Эмануэл Макрон гуфт, ки буҳрони сиёсӣ дар Аврупо аст ва бояд президенти Фаронса ба Украина нигоҳ кунад.
“Президенти Фаронса бояд ба Украина нигоҳ кунад, ки барои нобудӣ раҳо шудааст. Ман дар мавриди мушкили воқеӣ суҳбат мекунам. Наметавонам дар мавриди дурӯғҳо изҳори назар намоям. Ман дар мавриди мушкиле, ки ҳама бо он мувоҷеҳ ҳастанд, изҳори назар мекунам. Яъне, Украина вайрон шуда” - афзуд Ираклий Кобахидзе.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Эмануэл Макрон дар нишасти сафирони муқими ин кишвар таъкид кард, ки Русия рафтори худро дар самти доктаринаи атомӣ “ба таври асосӣ тағйир дода ва сахтгиронатар кардааст”. Ӯ афзуд, ки Русия дар муқобили ҳамсоягони хеш таҳоҷумитар шудааст. Президенти Фаронса ба Гурҷистон, Арманистон ва Молдавия ишора кард.
“Мо инро дар Арманистон дидем, ҷое, ки Русия ба таври ногаҳонӣ ба муттаҳиди Озорбойҷон табдил шуд. Танҳо ба ин далел, ки арманиҳо дар муқобили он истоданд. Ҳамчунин, дар Гурҷистон аз тариқи бесубот кардани раванди интихобот ва тақаллуб дар он. Онҳо ҳамин корро дар Молдавия низ имтиҳон карданд, аммо муваффақ нашуданд”- таъкид кард президенти Фаронса.
Дар вокуниш ба ин изҳорот сарвазири Гурҷистон вокуниши шадид нишон дода, гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо ба буҳрони дохилӣ низ гирифтор аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Шоҳин Муродов: “Дар блогинги тоҷик шахсони ҳирфаӣ кам ҳастанд”
Финали ғайриинтизор. "Челси" қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо шуд
Имсол 73 хонанда бо медали тиллову нуқра мактабро хатм карданд
Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд
