3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:33, Душанбе
22.05.2025 11:08

Дар Қазоқистон 329 ҳолати сироят ба короновирус ба қайд гирифта шудааст

Тибқи иттилои мавҷуда, аз аввали соли 2025 дар Қазоқистон 329 ҳолати тасдиқшудаи сирояти сокинон ба Ковид-19 ба қайд гирифта шудааст. Ягон ҳолати фавти одамон дар натиҷаи сирояти Ковид-19 ба қайд гирифта нашудааст. 

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 сатҳи беморӣ 3, 7 маротиба коҳиш ёфтааст. Ҳоло дар як ҳафта на бештар аз 25 ҳолати нави сироятӣ сабт шудааст. 

Дар муассисаҳои тиббие, ки беморони Ковид-19 табобат мешаванд, 27 ҷойи хобро гирифторони бемориҳои сироятӣ фаро гирифтаанд. Ҳоло дар беморхонаҳои ин кишвар 2 бемори гирифтори короновирус табобат мегиранд. 

Дар Қазоқистон ҳанӯз штами “Омикрон”, ки дар соли 2022 кашф шуда буд, вуҷуд дорад. Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфтааст, ки вазъиятро дар Қазоқистон ва дигар кишварро назорат мекунад. 

Ин вазорат бо сабаби афзоиши сирояти коронавирус дар баъзе кишварҳо ба шаҳрвандони Қазоқистон тавсия додааст, ки аз вохурӣ бо шахсони бемор худдорӣ кунанд, дастҳояшонро бештар шӯянд, ҳангоми зоҳир шудани аломатҳои беморӣ ба табибон муроҷиат намоянд. 

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Гонконг, Сингапур, Чин ва Тайланд ҳолатҳои зиёди сирояти бемории короновирус афзоиш ёфтааст. 

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.