Далер Ҷумъа бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Сангикар» шинос шуд
Масъалаи бунёди неругоҳҳои хурди атомӣ дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад
Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Баррасии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Тошканд
27-уми ноябр дар шаҳри Тошканд раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UN Tourism) Шайха Ал-Нувайс мулоқот намуд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, аз ҷумла масъалаҳои рушди устувори сайёҳии кӯҳӣ ва экологӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштаракро дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид мегардад, ки таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкориҳо дар доираи Соли байналмилалии сайёҳии устувор ва тобовар — 2027, инчунин тақвияти иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳо, лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ зоҳир карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Баррасии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Тошканд
Бабри барфӣ пас аз муоина ба макони бехавф баргардонида шуд
Маскав: “Долони Трамп” бе ба назар гирифтани манфиатҳои Эрон ва Русия ноком хоҳад шуд
Созмони “Табибони бидуни марз”: Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ду корманди мо дар Ғазза кушта шуданд