


Ҳаҷми тиҷорати Ӯзбекистон бо кишварҳои ИДМ ба 23 миллиард доллар расид

Як духтар дар Ғӯри Афғонистон барои издивоҷ накардан бо Толиб худкушӣ кард

Баҳси мубориза бо мушкилиҳои минтақавӣ дар суҳбати вазирони Осиёи Марказӣ бо Чин

Аз ҷаримаи ҳангуфт то ихроҷи 10-сола. Ғайрирасмӣ ба ҳаҷ наравед
Нигоҳе ба таърихи Фоҷеаи Хоҷалӣ
Наслкушии Хоҷалӣ- як ҷузъи сиёсати поккории қавмии давлати шовинистии Арманистон алайҳи озарбойҷониҳо буд ва он дар асрҳои 19-20 ба роҳ монда шуда буд. Ин яке аз даҳшатноктарин ҷиноятҳои наслкушӣ алайҳи мардуми осоиштаи озарбойҷонӣ дар давраи ҷанги таҷовузкоронаи Арманистон алайҳи Озарбойҷон мебошад. Ҳангоми ишғоли деҳаи Бағонис Айрими ноҳияи Ғазахи Озарбойҷон, ки бо Арманистон ҳамсарҳад аст ва деҳаҳои Имарат Гарванд, Туғ, Салакетин, Ахллу, Хоҷаванд, Ҷамилӣ, Набилар, Мешали, Ҳасанобод, Каркиҷаҳон, Қайбалӣ, Малибайлӣ, Юҳари ва Ашағӣ, Гушчиллар, Қарадағлии дар Озарбойҷон, як қисми аҳолии осоиштаи ин посёлкаҳо дар асоси нақшаи пешакӣ тайёр кардашуда бо тарзи ваҳшиёнаи махсус кушта шудаанд. Қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш аз қатли Хоҷалӣ, 17 феврали соли 1992 дар деҳаи Гарадаглии Хоҷавенд беш аз 80 озарбойҷонӣ мавриди куштори дастаҷамъӣ қарор гирифта буданд.
Хоҷалӣ, ки дар 10-километрии ҷанубу шарқи Хонкандӣ, дар як макони стратегӣ миёни роҳҳои Ағдам-Шуша ва Аскерон-Хонкендӣ ва макони ягона фурӯдгоҳ дар Қарабоғи Кӯҳӣ воқеъ аст, аз нимаи дуввуми моҳи феврал дар муҳосираи сартосари воҳидҳои низомии Арманистон қарор дошт.
Ташкилкунандагони наслкушии Хоҷалӣ, ки ҷиноят алайҳи башарият аст, роҳбарияти сиёсию давлатии Ҷумҳурии Арманистон ва иҷрокунандагони бевоситаи он воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, гурӯҳҳои террористии арманиҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳайати шахсии полки 366-уми мототирандозии Артиши Шӯравии собиқ воқеъ дар шаҳри Хонкандӣ мебошанд. Нахуст шаҳр-ро аз ҳар сӯ аскарони арманӣ иҳота кардаанд, баъдан аз тӯпҳо ва техникаи вазнини ҳарбӣ ба сӯи Хоҷалӣ оташи шадид ва бераҳмона кушода шуд ва дар муддати кӯтоҳ дар шаҳр сӯхтор ба амал омад ва онро комилан дар оташ фаро гирифт. Муҳофизони шаҳр ва аҳолии маҳаллӣ маҷбур шуданд ки тарки шаҳр карда, ба кӯҳу ҷангал фирор кунанд. Аммо ҳамаи кӯшишҳои аҳолии осоишта барои аз муҳосира баромадан дар алоҳидагӣ ва ё гурӯҳи барбод дода шуд ва қувваҳои мусаллаҳи Арманистон бо тарзи ваҳшиёнаи махсус аҳолии осоиштаро тирборон карданд. Дар шаби пурбарфи моҳи феврал садҳо одамони бегуноҳ — занон, кудакон, пиронсолон асир гирифта, ба шиканҷаҳои сахт гирифтор шуданд. Аксари онҳое, ки мехостанд фирор кунанд ва наҷот ёбанд, аз сармозадагӣ ва гуруснагӣ ҷони худро аз даст доданд. То соати 5 пагоҳии 26 феврал шаҳр-ро истилогарони арман ишғол карданд. Хоҷалии бостонӣ дар як шаб ба хок яксон шуд.
Дар рафти ин таҷовузи ҳарбӣ шаҳри Хоҷалӣ аз оташи сахти техникаи ҳарбӣ хароб гардида, сокинони осоишта бераҳмона ба қатл расонида шуданд. Дар тӯли чанд соат 613 озарбойҷонӣ, аз ҷумла 106 зан, 63 кӯдак ва 70 пиронсол бо тарзи ваҳшиёнаи махсус кушта шуда, нисбати ҷасадҳо амалҳои таҳқиромез содир карда шуданд. Дар ҷараёни он куштор 8 оила тамоман кушта, 25 кӯдак аз ҳарду волидайн, 130 кӯдак аз яке аз волидон маҳрум ва 487 сокини осоиштаи Хоҷалӣ сахт маҷрӯҳ ва 1275 нафар гаравгон гирифта шуданд. Сарнавишти 150 нафари гаравгонҳо то ҳол маълум нест. 56 нафар қурбониёни ин фоҷиа бо бераҳмии махсус кушта шуданд. Ҷаллодони девонашуда пӯсти сари одамонро мебароварданд, узвҳои гуногунро мебуриданд, чашмони тифлонро кур мекарданд, шиками занони ҳомиларо мешикофтанд, одамонро зинда ба гӯр мекарданд ё месӯзонданд, баъзе ҷасадҳоро метарконданд. Ба одамоне, ки аз шаҳри оташзада гурехтан мехостанд, амон намемонданд, аскарони арманӣ, ки дар роҳҳо ва ҷангалзорҳо камин гирифтанд, аҳолии осоиштаро бо тарзи ваҳшиёнаи махсус куштанд.
Бо Қарори Миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон 26 феврал “Рӯзи Наслкушии Хоҷалӣ ва мотами миллӣ” эълон шуда, дар ин бора тамоми созмонҳои байналмилалӣ огоҳ карда шуданд.
Амалҳои ҷиноии Арманистон бо нақзи шартномаҳои байналмилалие, ки узви он аст, аз сӯи раҳбарони собиқи ин кишвар Левон Тер-Петросян, Роберт Кочарян ва Серж Саргсян борҳо эътироф шудаанд.
Изҳороти раисиҷумҳури собиқи Арманистон Серж Саркисян, ки дар Ҷанги Якуми Қарабоғ ширкат дошт, дар робита ба наслкушии Хоҷалӣ ошкоро ҳимояти ӯ аз адовати қавмиро нишон додааст. Дар мусоҳиба бо рӯзноманигори бритониёӣ Томас де Ваал С.Саркисиён ҳадафи содир кардани наслкушии Хоҷалиро иқрор кард: «Пеш аз Хоҷали озарбойҷониҳо гумон мекарданд, ки бо мо шӯхӣ мекунанд, гумон мекарданд, ки арманиҳо ба муқобили мардуми осоишта даст бардошта наметавонанд. "Мо тавонистем ин стереотипро вайрон кунем." Изҳороти ӯ бори дигар нишон медиҳад, ки наслкушӣ аз ҷониби раҳбарияти Арманистон ҳадафмандона тарҳрезӣ шуда, бар пояи адоват нисбат ба мардуми Озарбойҷон сурат гирифтааст. Ин эътирофхо миқёси васеъ ва характери системавии ҷиноятҳои Арманистон ба муқобили халқи Озарбойчонро равшан нишон медиханд. Дар вақтҳои охир дар бораи Левон Тер-Петросян дар наворҳои дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда бори дигар тасдиқ мекунад, ки ихроҷи иҷбории ҳамватанони мо аз Озарбойҷони Ғарбӣ ва Наслкушии содиршуда дар Қарабоғ ва навоҳии атрофи он таҳти роҳбарии онҳо ҳадафмандона сурат гирифтааст.
Бо тамошои ин навор маълум мешавад, ки раисиҷумҳури якуми Арманистон ошкоро эътироф кардааст, ки ихроҷи озарбойҷониҳо аз Арманистон бахше аз сиёсати шовинистҳои арманӣ барои амалӣ кардани даъвоҳои ҳудудии худ алайҳи Озарбойҷон аст. Бо ин максад ба мукобили озарбойчониҳо, ки аксарияти ахолиро дар Босаркечар, Улухонли, Амасия ва умуман Зангезур ташкил медиханд, барои поксозии тахкикии миллй тайёрй дида мешуд.
Левон Тер-Петросян дар суханронии худ ихроҷи иҷбории озарбойҷониҳо аз Арманистонро " Мувофақият бузурги мардуми арманӣ" унвон кард ва иддао кард, ки танҳо бо ин иқдом Арманистон дар роҳи истиқлолият пеш рафтааст. Ба гуфтаи вай, поксозии комили Арманистону Қарабоғ аз озарбойҷониҳо маънои аз байн бурдани “мушкилоте”-ро дорад, ки мардуми арман дар тӯли садсолаҳо натавонистааст онро ҳал кунад: “Беҳтарин хушбахтии мо дар он аст, ки мо кори милисаҳои худро ташкил кардем. Гуруххои мусаллахе, ки барпо карда шуданд, такьягохи армияи мо гардиданд. Хамин тавр, мо хануз пеш аз ба даст овардани истиклолияти Арманистон ва Озарбойчон тачрибаи калон ҳосил карда будем. Арманистон ва Карабог аз дигар миллатхо комилан тоза карда шудаанд. Халки арман ахамияти онро 600 сол баъд хис мекунад. Тасаввур кунед, агар имруз дар Арманистон мисли пеш аз соли 1988 170 хазор нафар дигар миллатхо (озарбойчонхо) мебуданд, мо давлат намедоштем. Мо на вилоятҳои шимолй, на шаркии худро, на Севанро (кули Гойча) мухофизат карда наметавонистем. Илова бар ин, мо дар ин ҷо бо се мушкилоти нав рӯ ба рӯ мешудем. Дар хотир доред, ки дар се минтақа озарбойҷониҳо аксариятро ташкил медоданд. Инҳо ноҳияҳои Варденис (Басаркечар), Масис (Улуханли) ва Амасия буданд. Дар Зангезур низ озарбойҷониҳо аксарият буданд, хуб аст, ки ин мушкил сари вақт ҳал шуд”.
Ин суханон бори дигар тасдиқ мекунанд, ки тадбирҳои зӯроварӣ ва сиёсати поккории қавмӣ аз Арманистон алайҳи озарбойҷониҳо ҳадафмандона, мунтазам ва дидаву дониста сурат гирифта шудааст. Ин суханоне, ки Левон Тер-Петросян дар назди аъзоёни «Ерпака», каноти харбии харакати миллии Арманистон гуфта буд, сиёсати рохбарияти Арманистонро, ки ба идеологияи фашистй ва миллатчигй асос ёфтааст, инчунин кинаю адоват нисбат ба Озарбойчонро равшан нишон медихад.
Ташаккули кинаву адовати зидди озарбойҷонӣ ва зиддитуркӣ дар байни аҳолии Арманистон дар сатҳи давлатӣ ва густариши минбаъдаи он дар давраи гузашта яке аз сабабҳои асосии ҷиноятҳои байналмилалӣ алайҳи Озарбойҷон дар тули солҳои зиёд содир шудааст.
Ҳарчанд ҳадафи душман аз содир кардани Наслкушии Хоҷалӣ бо роҳи зӯрӣ забт кардани сарзаминҳои Озарбойҷон буд, аммо ин фоҷеаи вазнин халқи моро боз ҳам бештар қувват бахшида, фарзандони қаҳрамони онҳоро ба муборизаи устувору муташаккил ба хотири Ватан ва давлатдории миллӣ сафарбар намуд. Солхо гузашт. Дар Ҷанги Ватанӣ, ки соли 2020 ба вуқӯъ пайваст, сарзаминҳои Озарбойҷон, ки 30 сол боз дар зери ишғол қарор доштанд, озод карда шуда, воқеияти нав ба вуҷуд овард. Артиши кахрамони Озарбойчон, ки дар чанги 44-рӯза намунахои бемислу шуҷоат нишон дод, таҳти роҳбарии президент Илҳом Алиев аз қурбониёни фоҷиаи Хоҷалӣ қасос гирифт ва хуни шаҳидон дар хок намонд. Озарбойҷон бутунии ҳудуди марзи худро барқарор кард, Ҳамин тавр, халқ дар атрофи Роҳбари худ чун мушт муттаҳид шуда, ба мақсадҳои таърихии худ расид.
Дар 33-умин солгарди Наслкушии Хоҷалӣ, ки барои ҳар як озарбойҷонӣ зарбаи маънавӣ ва захми табобатнашаванда аст, парчами се рангаи Озарбойҷон дар тамоми сарзаминҳои Озарбойҷон, аз ҷумла дар шаҳри Хоҷалӣ ҷилва медиҳад.
Муаллиф: Сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон
Маводи мазкур бидуни таҳрир нашр шуда ва танҳо мавқеи муаллифро ифода мекунад.
Хатти хабарҳо
Вазири амнияти Покистон мегӯяд Ҳинд аз 24 то 36 соати оянда ба Покистон ҳамла мекунад
Ҳаҷми тиҷорати Ӯзбекистон бо кишварҳои ИДМ ба 23 миллиард доллар расид
Як духтар дар Ғӯри Афғонистон барои издивоҷ накардан бо Толиб худкушӣ кард
Дар Тоҷикистон нархи хизматрасониҳои интернетӣ коҳиш ёфтааст
