5 Октябр 2026,
душанбе, 04:23, Душанбе
02.12.2024 11:50

Дар Русия дар майдонҳои ҳавоӣ ва гузаргоҳҳо назорати биометрии вуруди хориҷиён ҷорӣ карда мешавад

Намояндаи полиси Федератсияи Русия иттилоъ дод, ки назорати биометрӣ барои ҳамаи хориҷиёне, ки ба Русия ворид мешаванд, ҷорӣ мешавад. Ин таҷриба аллакай дар шаҳри Маскав ва вилояти Оренбург ба роҳ монда шудааст.

Таъкид шудааст, ки аз 1-уми декабр бо роҳи таҷрибавӣ ҷамъоварии маълумоти биометрии хориҷиён ҳангоми ворид шудан ба Русия дар майдонҳои ҳавоии Маскав-Шереметово, Домодедово, Внуково ва Жуковский амал мекунад.

Тибқи қарори Ҳукумат лоиҳаи назорати биометрӣ дар гузаргоҳи Маштаковои вилояти Оренбург низ ҷорӣ шудааст.

“Аз 1-уми декабр шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба воситаи майдонҳои ҳавоии байналмилалии минтақаи Маскав ва инчунин, дар гузаргоҳи автомобилии “Маштаково”-и вилояти Оренбург, ки сарҳади Русияро убур мекунанд, бояд маълумоти биометрӣ - акси чеҳра ва изи ангуштро пешниҳод кунанд” - гуфтааст Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия.

Гуфта мешавад, ки назорати биометрии вуруди хориҷиён ба Русия ба гурӯҳи зер дахл надорад:

Шаҳрвандони Беларус;

Дипломатҳо ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Русия ва аъзои оилаи онҳо;

Кормандон  ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, ки дар Федератсияи Русия аккредитатсия шудаанд ва аъзои оилаҳои онҳо.

Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки дар сурати иҷро накардани тартиботи биометрӣ хориҷиён наметавонанд вориди Русия шаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо