


Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид

Дар Душанбе Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ “диалоги зиддитеррористӣ” доир кард

Муносибати системавӣ ба таълим ва қонунигардонии муҳоҷирати меҳнатӣ

Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”
Трамп қасд дорад, бо Путин ва Си Ҷинпин мулоқот кунад
Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, ки дар ҳоли барномарезӣ барои дидор бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин аст. Трамп аз ҷузъиёте, ки дар ин дидор бо Владимир Путин бояд матраҳ кунад, чизе нагуфт.
“Путин мехоҳад бо мо дидор кунад ва ин мавзуъро эълон кардааст. Мо дар ҳоли барномарезӣ барои анҷоми он ҳастем”-таъкид кардааст Президенти Амрико.
Ҳамчунин, Доналд Трамп гуфтааст, ки ният дорад бо президенти Ҷумҳурии Халқии Чин Си Ҷинпин низ дидор ва мулоқот намояд. Вай таъкид кардааст, ки бо Чин метавонад хуб кор кунад. Дар давраи аввали президентӣ Доналд Трамп сиёсати таҳоҷумии иқтисодиро дар қиболи Чин дар пеш гирифта буд.
Президенти Амрико Доналд Трамп қаблан гуфта буд, ки мақсад дорад, дар 6 моҳи аввали президентии худ бо Владимир Путин мулоқот кунад. Трамп, ки равобити наздик бо Владимир Путин дорад, эълон карда буд, ки дар аввалин рӯзҳои президентии худ ба ҷанги Украина поён хоҳад дод.
Трамп дар ҳоле аз мақсади мулоқот бо Владимир Путин мегӯяд, ки сухангӯйи Кремлин Дмитрий Песков эълон намуд, то ҳанӯз аз Вашингтон даъвати расмӣ барои анҷоми чунин мулоқот дарёфт накардаанд.
Қаблан як вакили парлумони Олмон гуфта буд, ки Трамп дар моҳи март бо Путин дидор хоҳад кард. Вале ин хабар аз ҷониби Русия рад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҷамъбасти шашмоҳаи аввал. Масъулини маорифи кишвар кадом масъалаҳоро бояд ҳал кунанд?
Дастин Поре сабаби аз варзиш рафтанашро гуфт
Шоҳин Муродов: “Дар блогинги тоҷик шахсони ҳирфаӣ кам ҳастанд”
Финали ғайриинтизор. "Челси" қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо шуд
