30 Апрел 2025,
чоршанбе, 14:29, Душанбе
27.01.2025 09:34

Александр Лукашенко: «Пашинян бозии хатарнокеро оғоз кардааст»

Президенти Ҷумҳурии Беларусия дар нишасти хабарӣ дар вокуниш ба тамоюли ғарбгароии Арманистон таъкид кард, ки сарвазири ин кишвар Никол Пашинян бо тасмимҳои ҳамгиро бо Иттиҳоди Аврупо кишварашро нобуд хоҳад кард.

Александр Лукашенко ҳушдор дод, ки ғарбгароии сарвазири Арманистон Никол Пашинян бозии хатарнок аст ва бояд ӯро аз ин роҳ боз дошт.

Қаблан, Федератсияи Русия низ нисбат ба сиёсатҳои Арманистон барои фосила гирифтан аз ин кишвар ва наздик шудан ба Иттиҳоди Аврупо ҳушдор дода, таъкид кард, ки ин мавзуъ боиси сулҳ ва амният дар Қафқоз нахоҳад шуд.

Ҳукумати Арманистон ахиран эълон кард, ки Лоиҳаи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро бо мақсади оғози музокироти узвияти ин кишвар бо ин Иттиҳод тасдиқ кардааст.

“Тасвиби қонун ба маънои пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди Аврупо нест ва дар ин хусус бояд аз тариқи раъйспурсӣ тасмим гирифт” – таъкид кард сарвазири Арманистон.

Никол Пашинян чанде қабл бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ созишномаи ширикии стратегиро имзо кард.

Илҳом Алиев, президени Озарбойҷон чанде қабл гуфт, ки мусаллаҳ намудани Арманистон аз сӯйи кишварҳои аврупоӣ амнияти минтақаро таҳдид мекунад.

Арманистон пас аз шикаст дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ, ки бо пирӯзии Озарбойҷон анҷомид, рӯ ба Аврупо овард. Фаронса яке аз аъзои қудратманди Иттиҳоди Аврупо бо ҳимояти сиёсӣ ва низомӣ ба Арманистон кумак мекунад.

Раванди фосилагирии Арманистон аз блоки сиёсии зери назари Федератсияи Русия боиси интиқодҳои зиёде шудааст. Бархе аз коршиносон ин равандро барои Арманистон хатарнок тавсиф карда мегӯянд, ки такрори сарнавишти Гурҷистон ё Украина барои ин кишвар дур аз интизор нест.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.04.2025 09:39

Як духтар дар Ғӯри Афғонистон барои издивоҷ накардан бо Толиб худкушӣ кард

Расонаҳои афғонистонӣ гузориш доданд, ки Обида ном як духтар дар вилояти Ғӯри Афғонистон барои раҳоӣ аз издивоҷ бо як Толиб худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, ин ҳодиса рӯзи якшанбе рӯй додааст. Духтар ҳангоме, ки Толибон мехостанд ӯро бо зӯр баранд, ба зиндагии худ поён додааст.
30.04.2025 09:16

Табибони Саудӣ дар Тоҷикистон 65 амали ҷарроҳии дили ройгон анҷом медиҳанд

Як гурӯҳи табибон аз Арабистони Саудӣ барои анҷом додани лоиҳаи башардӯстона дар соҳаи ҷарроҳӣ ва катетеризатсияи дил ба шаҳри Душанбе омада, ҷарроҳии дилро барои калонсолон анҷом медиҳанд.
30.04.2025 09:04

Завқӣ Завқизода: “Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 13 фоиз афзоиш ёфтааст”

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода 28-уми апрел ҳамроҳи ҳайати Ҳукумат дар нахустин форуми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин хусус, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
29.04.2025 16:53

Баҳси мубориза бо мушкилиҳои минтақавӣ дар суҳбати вазирони Осиёи Марказӣ бо Чин

Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шаҳри Алмаато, пойтахти Қазоқистон бо ҳадафи тақвияти гуфтугӯҳои сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва мутақобила бо чолишҳои минтақавӣ баргузор гардид.
29.04.2025 16:41

Аз ҷаримаи ҳангуфт то ихроҷи 10-сола. Ғайрирасмӣ ба ҳаҷ наравед

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мақомоти Арабистони Саудӣ нисбат ба нафароне, ки ба таври ғайрирасмӣ ва бе гирифтани иҷозатномаи расмӣ (тасриҳи ҳаҷ) қасди адои маросими ҳаҷ мекунанд, ҷазои сахт муқаррар намудааст.
29.04.2025 10:40

“Одоби шикори рӯбоҳ”-и Эрон меҳмони театрҳои Тоҷикистон мешавад

Намоишномаи театрии маъруфи Эрон - “Одоби шикори рӯбоҳ”, ки чанде қабл дар ҷашнвораи театри Фаҷри Эрон дурахшида буд, бо даъвати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
29.04.2025 10:27

“Ҷанги обӣ” дар фазои ду қудрати атомӣ. Ҳинд муҳосираи “хушкӣ”-и Покистонро сар мекунад?

Ҳиндустон баъди ҳамлаи террористии хунин дар Кашмир Покистонро ба анҷом додани он муттаҳам кард ва баъди 65 сол амали Cозишномаи обии миёни ду кишварро боз дошт. Мақомоти покистонӣ ин амалро “ҷангӣ обӣ” хонданд.
29.04.2025 10:10

Бахтиёр Саидов ва Абдулазиз Комилов Доналд Трампро ба Ӯзбекистон даъват намуданд

Ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Бахтиёр Саидов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Абдулазиз Комилов, намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба сиёсати хориҷӣ ба Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъватномаи расмӣ барои сафар ба Ӯзбекистонро супурданд.