


Вазири амнияти Покистон мегӯяд Ҳинд аз 24 то 36 соати оянда ба Покистон ҳамла мекунад

Як духтар дар Ғӯри Афғонистон барои издивоҷ накардан бо Толиб худкушӣ кард

Баҳси мубориза бо мушкилиҳои минтақавӣ дар суҳбати вазирони Осиёи Марказӣ бо Чин

Аз ҷаримаи ҳангуфт то ихроҷи 10-сола. Ғайрирасмӣ ба ҳаҷ наравед
Масъуд Пизишкиён: “Тамомиятхоҳӣ ва якҷонибагроии Амрико ва Ғарб аз байн хоҳад рафт!”
Дар сафар ба Федератсияи Русия Масъуд Пизишкиён бо хабарнигори маъруфи телевизиони “Шабакаи якум”-и Русия Владимир Соловёв мусоҳиба анҷом дод. Дар суҳбат Масъуд Пизишкиён ба муҳимтарин суолҳои Владимир Соловёв посух дод. Масъуд Пизишкиён, ки бештар дар Эрон бо ғарбгароӣ маъруф аст, бар хилофи он сиёсати дугона Ғарбро интиқод карда, таъкид кард, ки ҷаҳон ба сӯйи чандҷонибагароӣ дар ҳаракат аст. Ӯ аз талошҳои Владимир Путин дар ҷиҳати эҷоди ҷаҳони чандҷонибагароӣ тамҷид намуда, афзуд, ки талошҳои Ғарб барои эҷоди эронҳаросӣ дар ҷаҳон ноком хоҳад монд.
Владимир Соловёв: - Ҷаноби президент! Хеле сипосгузор аз ин ки фурсатро дар ихтиёри мо қарор додед. Дар ибтидо моилам аз Шумо пурсам, ки чӣ чизе дар Маскав бештар аз ҳама барои шумо ҷолиби таваҷҷуҳ буд?
Масъуд Пизишкиён: - Мо, маъмулан, савори худрав мешавем, аз ҳавопаймо мустақим ба меҳмонхона ва маҳалҳои дар назар гирифташуда барои дидорҳо ва барномаҳо меравем. Ин равандест, ки ба он одат кардаем, вале дар сафар ба Маскав он чи ки барои мо муҳим буд, тавофуқест, ки имзо шуд. Табиатан ин барои мо дастоварди хубе буд.
Владимир Соловёв: - Медонем, ки бисёре аз кишварҳо сиёсатҳои хасмонае бар зидди мо доранд. Дар ин қарордод оё чизи дигаре, ба вижа дар бахши иқтисодӣ, фаротар аз чизҳое, ки ба онҳо ишора шуда ва шумо бихоҳед онро бештар барҷаста кунед, вуҷуд дошт?
Масъуд Пизишкиён: - Мо дар се замина тавофуқро бо ҳамдигар имзо кардем. Ин тавофуқ 47 банд дошт, 12-13 банди аввал дар бораи баҳсҳои амниятӣ ва сиёсӣ буд. Дар ҳама қисматҳое, ки бояд бо ҳам таомул кунем, чӣ амнияти байни ду кишвар ва чӣ амнияти минтақа ва чӣ ҳамсоягон ва чӣ дахолатҳо дар эҷоди сулҳу амният дар минтақаи мо - дар ин заминаҳо метавонем бо ҳам таомул кунем. Аз банди 19 ба банди то 40 баҳсҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамкориҳо дар арсаҳои роҳи оҳан, роҳ, тиҷорат, энергетика, барқ ва корҳоест, ки метавонем дар ин бо ҳам робита дошта бошем ва онҳо дар ҷамъбандии навҳаи пайгирии уҳдадориҳо матраҳ шудааст.
Мо бояд ин таомулотро, ки дар ҳама заминаҳо, аз ҷумла фарҳангӣ, сиёсӣ, амниятӣ, илмӣ ва иқтисодӣ танзим шудааст, бо ҳам иҷро кунем.
Владимир Соловёв: - Бо таваҷҷуҳ ба бархе иддаоҳо мабнӣ бар эҳтимоли иқдоми низомии Амрико ё Исроил бар зидди Эрон оё як форми ҳамкорӣ ва дифои муштарак миёни Эрон ва Русия шакл гирифтааст?
Масъуд Пизишкиён: - Мутобиқи муҳтавои тавофуқ бино бар ин аст, ки дар сурати ҳамлаи кишвари дигаре ба Эрон ё Русия мо мутааҳҳид шудаем, ба ҳеч ваҷҳ бо онҳо ҳамкорӣ накунем ва иҷоза надиҳем ин итттифоқ биафтад. Дар умум ин ҳамкорӣ байни мо ва Федератсияи Русия вуҷуд дорад ва ҷузъиёти онро равандҳо ва таваққуоти баъдӣ мушаххас хоҳад кард. Дар куллия бандҳое дар ҷиҳати тавофуқоте, ки бояд бо ҳам дошта бошем, омада, аммо боис ба ин шудааст, ки баъдан ду кишвар тавонанд бо ҳам барномаи иҷроӣ дошта бошанд.
Владимир Соловёв: - Пас дар оянда музокироте дар ҳавзаи амниятӣ хоҳед дошт?
Масъуд Пизишкиён: - Ҳатман. Дар тамоми заминаҳое, ки гуфтем, тавофуқоте шакл гирифта, ки ниёз ба корҳои баъдӣ дорад, то табдил ба амалиёти иҷроӣ шавад.
Владимир Соловёв: - Дар шароите, ки ғарбиҳо, ба вижа Амрико дар канори эъмоли терроризми иқтисодӣ алайҳи Эрон ба террори шахсиятҳои барҷастае ҳамчун генерал Сулаймонӣ иқдом мекунанд ё меҳмони хориҷии Шуморо дар ҳоле, ки ба сурати расмӣ ба кишвари шумо сафар карда буд, террор мекунанд, ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо ин иқдомотро маҳкум накарда, балки биръакс ба Эрон иттиҳоми ҳимояти терроризм мезанад. Он ҳам ба кишваре, ки ба сурати идомадор дар ҳоли ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ аст ва борҳо ва сароҳатан эълом карда, ки ҳаргиз ба дунболи силоҳи атомӣ нест. Чаро Ҷумҳурии Исломии Эрон то ин ҳад хештандорӣ карда ва сароҳатан посухи ин иттиҳомотро намедиҳад?
Масъуд Пизишкиён: - Ончӣ мушаххас аст, ин аст, раванде, ки инҳо доранд, чӣ режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва чӣ амрикоиҳо ва ҳамчунин, режими саҳюнистӣ дар кишвари мо ва Ироқ, фармондеҳон ва донишмандони моро бо ин баҳона террор мекарданд, ки инҳо корҳои террористӣ аст ва ё омодаанд дар минтақа ноамнӣ эҷод намоянд. Ҳоло ин раванде, ки режими саҳюнистӣ аз 15 моҳ пеш дар Ғаззаву Лубнон ва Сурия анҷом дода, тасвирашро нигоҳ кунед. Ҳеч қоида ва қонуни байналмилалиро муроот накардааст. Роҳат террор ва бомбаборон мекунад ва Амрикову Аврупо ҳам маҳкам аз он дифоъ менамояд.
Дар ҳеч чорчӯб ва қонунҳои байналмилалӣ ба ҳеч кишваре иҷоза надодаанд, ки ҳатто дар ҷанг одамҳои бегуноҳро бомбаборон ва қатли ом кунанд, аммо саҳюнистҳо ба роҳатӣ ин корро мекунанд ва касоне, ки мудаъии ҳуқуқи башар ҳастанд ва иддао мекунанд, ки чорчӯбҳои байналмилалиро пайгирӣ менамоянд ва тарафдори демократия ва қонун ҳастанд, нишон додаанд, ки зидди он иддаоҳояшон ҳастанд. Он чи ки дар муқобили дидагони дунё дар Ғазза шакл гирифт, наслкушӣ буд ва кор ба ҷое расид, ки додгоҳи байналмилалӣ инҳоро маҳкум кард ва фармондеҳонашонро таҳти таъқиб қарор дод. Аммо Амрико ва аврупоиҳо на танҳо аз режими саҳюнистӣ ва ҷиноёташ дифоъ мекунанд, балки ӯро муҷаҳҳазу мусаллаҳ ва пуштибонӣ менамоянд, ки ба ин ҷиноятҳо идома диҳад. Баъд вақте дар курсии Созмони Милал ва созмонҳои дигар менишинанд, дам аз демократия ва ҳуқуқи башар ва сулҳ мезананд!
Инҳо мустанаде нишон диҳанд, ки эрониён дар ҷое оғозгари ҷанге будаанд! Нишон диҳанд, ки эрониён дар террорҳо ва кишварҳои дигар дахил буданд! Террорҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои террор ё худашон ҳастанд ё ДОИШ-е, ки инҳо тарбият кардаанд. Вале хуб, расонаҳоро дар даст доранд ва бархе созмонҳои байналмиалиро бо пул ва иръобу таҳримҳо водор мекунанд, ончиро ки инҳо мегӯянд, тасвиб ва иҷро кунанд.
Ҳоло талош мекунанд ба дунё эълом кунанд, ки Эрон ба дунболи бомбаи атомӣ аст. Дар ҳоле, ки ҳам сиёсати роҳбари Инқилоб ва ҳам сиёсатҳову боварҳо ва эътиқодҳои мо бар ин мабно аст, ки ба дунболи силоҳи атомӣ нестем, набудем ва нахоҳем буд. Ба зӯр мегӯянд, Шумо ба дунболи он ҳастед, ки силоҳи атомӣ тавлид кунед ва мехоҳанд эронҳаросӣ эҷод кунанд.
Вақте дар рақобатҳои интихоботӣ будем, шиор ва ҳарфам ин буд, ки қарор аст дар кишвар як ҳамзабонӣ ва ваҳдату инсиҷом эҷод кунем ва бо ҳамсоягон ҳам дӯстиву рафоқат намоем. Дар ҳамон аввалин рӯзи оғоз ба кори банда, меҳмони моро дар Теҳрон террор карданд. Бар асоси кадом қонуни байналмилалӣ ҳаққи ин корро доштанд? Ин дар ҳоле буд, ки Амрико ва Аврупо аз инҳо дифоъ мекарданд.
Дар Ғазза мардуми бегуноҳ обу нон ва ғизо надоштанд ва иҷозаи кумакрасонӣ дода намешуд. Амрико ва Аврупо фақат нигоҳ мекарданд. Ин барои ман мафҳум нест. Инҳо чӣ гуна метавонанд ба зеҳнияти дунё ва мухотабон ин тавр талқин кунанд, ки Эрон боиси нооромӣ ва режими саҳюнистӣ боиси амният аст? Режими саҳюнистӣ барои амнияти худ занон ва бачаҳоро мекушад ва наздик ба 14 ҳазор кӯдак ва муҳассили дабистониро дар бомбаборонҳо ба қатл расонидааст! Ин ҳуқуқи башар ва мардонагӣ ва ҷанг аст? Агар шумо мард ҳастед, бо онҳо ки аслиҳа доранд, биҷангед, бо зану бача ва беморон дар бемористон чӣ кор доред! Чаро пеши расондани обу ғизо ба онҳо, ки асир ва гирифтор ҳастанд, гирифтаед?
Он чӣ мо имрӯз бо кишвари Русия имзо кардаем, бар ин муносибат аст, ки танҳо мо ин тавр нестем. Аз Русия ҳам чеҳраи дигаре нишон медиҳанд, чун расонаҳоро дар ихтиёр доранд ва қудрати пуливу бонкӣ ва байналмилалиро мудирият менамоянд, то ҳудуде метавонанд фишорҳоро эъмол кунанд ва зеҳниятҳоро тағйир диҳанд.
Агар мо бо ҳам бошем ва ҳама кишварҳое, ки озодагиву истиқлолро мепазиранд, канори ҳам қарор гиранд, тамомиятхоҳӣ ва якҷонибагароии онҳо аз байн хоҳад рафт.
Владимир Соловёв: - Роҳбарони Исроил илова бар ин ки борҳо мардуми Эронро мухотаб қарор дода ва аз онҳо мехоҳанд бар алайҳи кишвари худ иқдом кунанд, ҳамвора талош доранд, ки Эронро ба унвони як кишвари зиддияҳудӣ муаррифӣ намоянд. Ин дар ҳолест, ки дар таърихи чанд ҳазорсолаи миллатҳои минтақа ин Эрон буд, ки яҳудиҳоро наҷот дод. Акнун низ яҳудиёни зиёде дар Эрон дар ҳоли зиндагӣ ҳастанд. Дар парлумони Эрон намоянда доранд ва дар канисаҳои худ озодона ибодат мекунанд. Назари Шумо дар ин робита чист?
Масъуд Пизишкиён: - Шумо ин ҳарфҳоро бовар мекунед? Шиоре, ки ман дар дунё додаам ин аст, ки мо зидди ҳеч кас нестем. Мо бо зулм ва ҷиноят мухолифем ва бо касоне, ки зӯр доранд ва зӯр мегӯянд ва манобеъ ва имконот ва сарватҳои кишварҳои фақирро ғорат мекунанд, мухолифем.
Аз назари эътиқодӣ бовармандем тамоми адёни илоҳӣ аз тарафи Худо омада ва қобили эҳтиром ҳастанд. Мо, ҳамон гуна ки ба паёмбари худамон эътиқод дорем, бар Ҳазрати Исо, Ҳазрати Масеҳ ҳам эътиқод дорем, магар метавонем яҳудситез бошем? Барои ин ки паёмбари онҳо Ҳазрати Мӯсо аст. Магар метавонем бо масеҳият дар ситез бошем, дар ҳоле ки Ҳазрати Масеҳро паёмбари Худо ва роҳашро роҳи худоӣ медонем?
Даъво сари масоили дунё аст. Даъвое дар миёни адён вуҷуд надорад. Ҳама адён мегӯянд, дар баробари зулм сар хам накунед, асири қудратҳо ва зӯру риё ва найрангу дурӯғ нашавед. Ҳар дине ба забони инҳо мегӯяд, аммо ҳама як ҳарф мезананд: адолат, инсоф, ҳақ, ҷуз ин чизи дигаре дар адён нест ва ин ки даъво накунанд ва бо ҳамдигар бо инсоф ва меҳрубонӣ бархӯрд намоянд.
Паёми Ҳазрати Масеҳ меҳрубонӣ ва гузашт буд ва касоне, ки мудаъии пайравӣ аз Ҳазрати Масеҳ ҳастанд, инро бояд дар амал ва зиндагӣ пиёда кунанд. Мо вақте мегӯем “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим”, яъне раҳмат барои ҳамаи мардум: чӣ мусалмон ва чӣ кофир ва ин ки бо ҳама бо раҳмат ва меҳрубонӣ рафтор шавад. Иддае, ки ба номи ислом доишӣ мешаванд ва инсон мекушанд, мусалмон нестанд. Чун агар мусалмон буданд, одам намекушанд. Ҳеч муҷаввизе барои таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон дар ҳеч дине вуҷуд надорад, балки инҳо сохтаи зеҳниятҳоест, ки одамҳо дуруст мекунанд ва масирҳои хилофе, ки дар пеш гирифтаанд. Мо бо ҳама адён бародару дӯстем ва ҳамаро аз тарафи Худо медонем ва ба ҳамаи онҳо эҳтиром мегузорем. Ҳамаи ин динҳо дар Эрон ҳам намоянда доранд ва ҳам зиндагӣ мекунанд ва ҳам ҳаққу ҳақуқашон барҷост. Ҳамакнун ҳам бо раванде, ки дар кишвар пеш гирифтаем, онҳо метавонанд дар тамоми сиёсатҳо ва тасмимгириҳо мушорикат ва мудохила ва ба кишвар кумак кунанд.
Бо ин ҳисоб, наметавонем ихтилофе надошта бошем. Ихтилоф замонест, ки касе ҳарфи ноҳақ ва нодурустеро бигӯяд, ҳеч дине аз пайравонаш напазируфтааст, ки ҳарфи нодурустро бипазиранд. Гуфтаанд ҳарфи дурустро пазиред. Ҳарфи дурустро аз ҳар дине ҳам бигӯянд, қобили қабул аст, ҳарфи дуруст, дуруст аст ва ман наметавонам ба унвони мусалмон дар баробари ҳарфи дуруст биистам. Дастур бар ин аст, ки агар касе роҳ ва ҳарфу масири дурустро нишон дод, итоат кунем ва онро бипазирем.
Владимир Соловёв: - Суоли баъдии банда дар иртибот бо таҳаввулоти ахир дар минтақа ва талоши амрикоиҳо барои бесуботӣ дар марзҳои Эрон аст. Давлати Сурия ба рағми талошҳои Эрон ва Русия ва ба хотири имтиноъи мардуми ин кишвар аз дифоъ аз сарзаминашон суқут кард ва ба майдони ҷанг ва бесуботӣ табдил шудааст. Дар Арманистон ва Туркия низ ба рағми равобити хуб бо Эрон иқдомот ва дасисаҳое алайҳи шумо дар ҳоли шаклгирӣ аст. Ин таҳаввулотро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва чӣ паёмадҳое метавонад барои ояндаи минтақа дошта бошад?
Масъуд Пизишкиён: - Бар мабнои ҳамон баҳсе, ки ман пеш аз ин хидмати шумо гуфтам, даъво бар сари ҳаққу ботил ва адолату беадолатӣ аст. Вақте ҳаққи гурӯҳу қавм ва ҷинсияту ҷомеае нодида гирифта шавад ва нисбат ба онҳо бо беинсофӣ ва беадолатӣ рафтор шавад, онҳо ҳам нахоҳанд пазируфт, ҳатто агар иддао шавад, ки одами хубе ҳастем ва ҳақ бо мо аст. Вазифаи мо ба унвони ҳокимият, ба унвони падар, раиси идора ё ҳоким ин аст, ки ҷойгоҳи ҳар касеро бар асоси тавонмандиаш мустақил аз дин ва бовару эътиқодаш ба ӯ бидиҳем ва ӯро дар он ҷойгоҳ бипазирем. Агар тавонистем ба ин ҷо бирасем, тасаввур мекунам, даъво ва хунрезӣ аз байн меравад. Мушкил ин аст, ки фарде мехоҳад бар вазифа ё ҷойгоҳе моликият ёбад, ки ҳаққаш нест ё касе ҳаққаш хӯрда шуда ва даъво мекунад ва ин гуна аст, ки даъво идома меёбад.
Владимир Соловёв: Як масъалаи таърихӣ вуҷуд дорад. Кишварҳои зиёде нестанд, ки дар гузашта собиқаи императорӣ доранд. Теъдоди кишварҳои каме ҳастанд, аммо қатъ ба яқин Эрон аз ҷумлаи маъдуд кишварҳои бузургест, ки собиқаи таърихӣ ва тӯлонимуддати императорӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир бархе кишварҳо назири Туркия ба дунболи рушди нуфузи худ ҳастанд ва мегӯянд, бояд ба самти эҳёи Императории усмонӣ ҳаракат кунем. Русия низ худашро ба унвони як императории ҷадид тасаввур мекунад. Чин ҳам чунин рафторро дорад ва дар ин замина бо якдигар гуфтугӯҳое дорем, аммо бо онҳое, ки ба дунболи қулдурӣ ва зургӯӣ ҳастанд ва ҳаққи худашон медонанд, ки дигар кишварҳоро таҳқир кунанд ва сарваташонро ба ғорат бибаранд, чӣ гуна бояд бархӯрд кард?
Масъуд Пизишкиён: - Бубинед, императориҳо замоне суқут карданд, ки зулм карданд, ҳаққу ҳуқуқи инсонҳоро нодида гирифтанд ва замоне иператор монданд, ки бо мардум бар эҳсоси инсоф ва адолат рафтор намуданд. Мо дар таърихи Эрон мебинем, Куруш замоне, ки императорӣ дошт, ҳар ҷоро ки фатҳ мекард, фарҳангу арзишҳо ва бузургони онҷоро дар сари ҷойи худ мавриди эҳтиром қарор медод. Онҳоро водор намекард, ки мисли худашон фикр кунанд. Чорчӯбҳое бар асоси адолат ва инсоф он ҷо ҳоким мекард, то ҷангу даргирӣ дар минтақа рух надиҳад ва то замоне, ки императориҳо ин нигоҳро дар ҳукумат доштанд, вуҷуд доштанд, вақте аз ин нигоҳ хориҷ мешуданд, ҷангу даргирӣ ва хунрезӣ ва суқут шакл мегирифт.
Ҳоло агар коре, ки дар минтақа иттифоқ меафтад, бозмуҳандисиест, ки тавассути қудратҳо ҷиҳати нуфуз ба Ховари Миёна анҷом мешавад, ба хотири ин аст, ки захираҳо ва нафту газ ва маъданҳои мухталиф дар ин минтақа вуҷуд дорад. Чаро инҳо дар Африқо намеҷанганд ва коре ба онҳо надоранд? Чун захираҳои ин ҷо, он ҷо нест. Барои ин ки ба захираҳои Ховари Миёна ҳукумат кунанд ва онро ғорат намоянд, табиатан муҳандисӣ мекунанд, ки ҷомеаҳое, ки ин ҷо вуҷуд дорад, бо ҳама даъво кунанд, то онҳо битавонанд кори худро анҷом диҳанд.
Ҳунари мо метавонад ин бошад, ки талош кунем, ҳаққу ҳуқуқи якдигарро ҳифз намоем ва ба ҳам эҳтиром бигузорем ва иҷоза надиҳем, ки дигарон аз ин ихтилофот ва ташдиди он сӯйистифода кунанд. Ин равандест, ки ба навъи ҳокимони кишварҳо бармегардад ва нигоҳашон ва наҳваи таомуле, ки бо қудратҳои минтақа ва бо қудратҳои нуфузӣ доранд. Ҳоло чаро Русия ва Эронро таҳрим кардаанд? Чун ин ду кишвар намехоҳанд зери бори ин бозӣ бираванд. Табиатан ҳадди аксар фишори мумкинро мехоҳанд ворид кунанд ва дар айни ҳол наметавонанд бигӯянд ҳадафи аслиашон аз ин фишорҳо чист. Ба ҳамин далел мегӯянд, инҳо террорист ҳастанд ва эронҳаросӣ роҳ меандозанд. Мегӯянд, Эрон ба дунболи бомбаи атомӣ ҳасту мушак аст. Мо чӣ хатаре ҳастем? Фақат мехоҳем озод бимонем ва озод зиндагӣ кунем ва намехоҳем бозичаи дасти касоне бошем, ки аз он сари дунё омадаанд.
Мо эҳсос мекунем, ки кишвари мо ва минтақаро худамон метавонем идора кунем. Мо ба дунболи ҷанг ва хунрезӣ ва нооромӣ нестем. Аммо онҳо мехоҳанд дар зеҳни мардуми дунё ин масъаларо таблиғ ва эҷод кунанд, ки мо мехоҳем бомбаи атомӣ дуруст кунем ва боиси ноамнии минтақа ҳастем. Террорҳои режими саҳюнистӣ ва Амрико дар минтақаро ҷамъ ва бо бақияи террорҳо муқоиса кунанд: аслан қобили муқоиса нест!
Онҳое, ки одам мекушанд, мудаъии дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳастанд ва онҳо, ки бо бом ва террор мемиранд, террорист муаррифӣ мешаванд? Зану бача ва мариз, ки кушта мешаванд, террорист ҳастанд? Ин чӣ зеҳниятест, ки намоиши онҳоро мепазирад ва бовар мекунад?
Владимир Соловёв: - Ҷумҳурии Исломии Эрон ба рағми таҳримҳои сангин пешрафтҳои чамшгире дошта ва, ба унвони мисол, дар бахши дифоӣ ва сохти мушак ва паҳпод ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳе расидааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин тавонмандиҳо Эрон то чӣ мизон метавонад аз худ дифоъ кунад?
Масъуд Пизишкиён: - Як баҳс, баҳси аслиҳа ва мушак аст, баҳси муҳимтар мардум ҳастанд. Инҳо дар ин бовар ҳастанд, доранд талош мекунанд, ки ихтилофоти дохилии моро ташдид кунанд, он мавқеъ агар мо мушак ҳам дошта бошем, дигар ба дард намехӯрад. Вақте ки мушак надоштем, аммо мардум ҳама бо ҳам ва дар майдон буданд, Ироқро таҳрик карданд ва ҳама кумак карданд, ки Эронро нобуд кунанд, ҳатто як ваҷаб аз хоки моро натавонистанд бигиранд: ҳоло ҳам бештарин талоши инҳо бар ин аст, ки ихтилофи дохилии моро ташдид кунанд.
Мо қодирем имконотеро дуруст кунем, ки аз худамон дифоъ намоем. Қасди ҳамла ба ҳеч кишваре надоштаем, надорем ва нахоҳем дошт. Мо аз ҷангу хунрезӣ бадамон меояд. Замони зиндагӣ маҳдуд аст ва куллан 50 то 70 сол фурсат аст. Агар даъво накунем, метавонем ин миқдор дар сулҳу амният зиндагӣ кунем. Барои чӣ чизе ба ҷони ҳам афтодаем ва сари чӣ чизе якдигарро мекушем ва ба хоку сарзамини ҳам таҷовуз мекунем? Метавонем сарзамини худро дошта бошем ва ба ҳама кумак кунем, инсон бошем ва инсониятро пиёда кунем, вале мутаассифона ин зеҳният ҳоким нест. Мо барои дифоъ аз кишварамон, агар ваҳдатро ҳифз кунем ва бо ҳам бошем, мушак дошта бошем ё на, онҳо қодир нахоҳанд буд, моро замингир кунанд. Вале дар айни ҳол, тавони низомии худро рӯз ба рӯз тақвият мекунем, то натавонанд ба роҳатӣ ҳатто ҳаваси ҳамла ба моро дар сар бипарваронанд ва мисли Ғазза моро бомбаборон кунанд.
Владимир Соловёв: - Гуфтугӯ бо президент Путинро чӣ гуна арзёбӣ кардед ва оё эҳсос кардед, ки рафоқате миёни шумо шакл гирифт? Дар даврони муосир бисёр муҳим аст, ки равобити шахсӣ миёни роҳбарон эҷод шавад.
Масъуд Пизишкиён: - Мо нигоҳҳоямонро батадриҷ бо ҳам наздик мекунем ва он ҳиссе, ки ҷаноби Путин дар робита бо мавзеъгириашон дар қиболи якҷонибагароӣ дорад ва муътақид аст, бояд чандҷонибагароӣ бошад. Он ҳис дар мо ва дар касоне, ки ба дунболи озодиву истиқлоли худашон ҳастанд, рӯз ба рӯз тақвият мешавад. Дар натиҷа мо ин эҳсоси ҳамроҳӣ ва наздикиро дар боварҳоямон ҳис мекунем ва бо ҳам хоҳем буд.
Владимир Соловёв: - Барои ҳар фарде, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ карда, филме ба номи “Теҳрон-43” - филми бисёр хотирангезест, ки бахши ҷолибе аз таърихи мову шумо дар раванди Ҷанги ҷаҳонии дувумро ривоят мекунад. Оё мо метавонем шуморо дар ҷашни пирӯзии Ҷанги ҷаҳонии дувум дар Маскав бибинем?
Масъуд Пизишкиён: - Бояд бибинем, чӣ пеш меояд, иншоаллоҳ.
Владимир Соловёв: Барои мо аз лиҳози эҳсосу эҳтиром, ҳузур ва адои эҳтироми шумо ба ёдмони сарбозони гумноми мо бисёр боаҳмият буд, ба вижа ин ки сарбозони русӣ дар Сурия шона ба шонаи сарбозони эронӣ алайҳи терроризм ҷангиданд, оё эҳтимол дорад дар оянда ҳамкориҳои фаннӣ- низомии ду кишвар идома пайдо кунад?
Масъуд Пизикшиён: - Мо ҳар вақт ҳокимияти ҳар кишваре ирода кунад ва бихоҳад, метавонем барои иқома ва барпойии адолат, инсоф ва ҳақ бо ҳам ҳамкорӣ кунем. Сарбозон дижҳои муҳками як ҷомеа ҳастанд. Вақте он сарбозон ва низомиён зеҳнияташон хароб шуд ва боварҳояшон шикаст, ба ҳамин роҳатӣ, ки Шумо дар Сурия дидед, он ҷомеа шикаст мехӯрад. Он неруҳои низомӣ ва сарбозони гумном буданд, ки кишварҳоро ҳифз карданд ва амниятро дар он кишварҳо бима карданд.
Мутассифона, дар Сурия он сарбозон боварҳояшон аз дарун холӣ шуд ва он дижи маҳкам аз дарун холӣ шуд ва дар натиҷа ба ин гирифторӣ расиданд. Умедворем, дубора Сурия худашро пайдо кунад ва тамомияти арзии худро ҳифз кунад ва ҳама касоне, ки он ҷо зиндагӣ мекунанд, битавонанд дар сарнавишти худашонро мудохила кунанду ширик бошанд.
Владимир Соловёв: - Иҷоза бидиҳед, як бори дигар бипурсам, ҳамкориҳои фанӣ ва низомӣ миёни Эрон ва Русия дар оянда ба чӣ сурат идома хоҳад дошт?
Масъуд Пизишкиён: - Табиатан, дар тамоми заминаҳое, ки метавонем, аз назари дифоӣ ва амниятӣ ҳамкорӣ кунем, талош хоҳем кард, ин ҳамкориҳоро дошта бошем, барои ин ки битавонем аз худамон дифоъ кунем ва онҳо натавонанд ба ҳамин роҳатӣ ҳар вақт дилашон хост биоянд ва ҳар коре дилашон хост анҷом бидиҳанд ва бираванд.
Бояд ҳамкорӣ кунем, ки ин бовар аз зеҳни онҳо берун биравад, ки метавонанд бомбаборон кунанд ва ҳеч иттифоқе нахоҳад афтод. Чизе, ки дар Ғазза иттифоқ афтод ваҳшатгарӣ ва барбарияте буд, ки дар тӯли таърих дида нашудааст. Дар тӯли таърих бо шамшер одамҳоро мекуштанд ва ҳоло бо абзори қудратманде, ки метавонад як ҷамъияти васеъи бегуноҳ ва богуноҳро бо ҳам қатли ом кунад. Он ҷо ба намоиш гузоштанд ва дунёву Аврупо ва Амрико инро дид ва инҳоро мусаллаҳ кард ва аз ҷиноятҳояшон дифоъ кард, ки ин қобили қабул набуд.
Баргардон: Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳаҷми тиҷорати Ӯзбекистон бо кишварҳои ИДМ ба 23 миллиард доллар расид
Вазири амнияти Покистон мегӯяд Ҳинд аз 24 то 36 соати оянда ба Покистон ҳамла мекунад
Як духтар дар Ғӯри Афғонистон барои издивоҷ накардан бо Толиб худкушӣ кард
Дар Тоҷикистон нархи хизматрасониҳои интернетӣ коҳиш ёфтааст
