Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Созмони Милал хостори гуфтугӯ миёни Толибон ва Покистон шуд
Фолкер Турк, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гуфта аст, ки пас аз афзоиши даргириҳо ва ҳамлаҳои ҳавоии марзӣ, ихтилофҳо миёни Толибон ва Покистон бояд аз тариқи гуфтугӯ ва дипломатия ҳаллу фасл шавад ва истифода аз хушунат афзоиш наёбад.
Турк рӯзи ҷумъа, 27-уми феврал дар “Икс” афзуда аст, ки дар семоҳаи охири соли 2025, 70 ғайринизомӣ дар Афғонистон кушта ва 478 тан захмӣ шудаанд ва дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоии ахири Покистон низ 13 ғайринизомӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Комиссари Созмони Милал ҳамчунин, вазъияти ҳуқуқи занон ва духтарон дар Афғонистонро “вахим” хонда ва гуфтааст, ки Толибон аз омӯзиши ибтидоӣ, миёна ва касбӣ ва бисёре аз фурсатҳои шуғлии онҳо ҷилавгирӣ кардаанд ва маҳдудиятҳои шадид бар озодии ҳаракат ва фаъолиятҳои мадании занон эъмол шуда аст.
Турк аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста, фишори дипломатияи лозимро барои риояти ҳуқуқи башар ва мутаваққиф кардани нақзи густардаи он ворид кунанд ва эълом кардааст, ки дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал ба сабт ва мустанадсозии нақзҳо идома хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад