“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
“Ӯзбекҳо мардуми моянд”. Лукашенко бо ҷараёни кори муҳоҷирони ӯзбек дар Белорусия ошно шуд
Александр Лукашенко, президенти Белорусия дар ҷараёни сафари корӣ ба заминҳои кишоварзии вилояти Гомели Беларусия бо натиҷаҳои лоиҳаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон аз наздик шинос шуд ва онро манфиатбахш тавсиф кард.
Президенти Беларус Александр Лекашенко дар ҷараёни боздид ва баррасии лоиҳаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷ гуфт, ки “ӯзбекҳо мардуми моянд” ва афзуд, аз неруҳои кори муҳоҷирони меҳнатӣ бо шарти риоя кардани тартибу низом ва қоидаҳо бояд истифода кард.
Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Гомел дар хусуси санҷиши лоиҳаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон барои кор дар заминҳои кишоварзӣ дар Белорусия ба президент ҳисобот дод. Бар асоси ҳисоботи ӯ, аз миёни 20 довталаби эҳтимолӣ барои арзёбии хатари қонуншиканӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ, ки интихоб шуда буданд, фақат 4 шаҳрванди Ӯзбекистон марҳилаи интихоби душворро гузаштанд. Мавсуф иттилое пешниҳод кард, ки барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон бисёр муҳим аст.
Президенти Белорусия Александ Лукашенко баъди шунидани натиҷаҳои пешниҳодгардида ба зарурати ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар бо риоя кардани қонун ва назорати ҷиддӣ таъкид карда, гуфт: “Бояд принсипҳое пешниҳод шавад, ки сиёсати давлат нисбат ба муҳоҷиронро муайян кунад.
Ту бо оилаат омадӣ, мо ба ту хона додем, таҳсилу тандурустӣ фароҳам кардем. Муҳим нест, ки аз куҷо омадӣ, муҳим он аст, ки хоҳиши кор кардан дошта бошӣ. Шартнома бастӣ, зиндагӣ ва кор мекунӣ. Агар шартномаро вайрон кардӣ, полис чора мебинад. Тартибот бояд муҳим бошад ва баъд мардум кор мекунанд.”
Лоиҳаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон аввалин лоиҳаест, ки барои ҷалби муҳоҷирони корӣ дар заминҳои кишоварзии Белорусия амал мешавад. Ӯзбекистон дар солҳои охир талош мекунад, ки барои шаҳрвандонаш самтҳои нави муҳоҷирати меҳнатиро пайдо кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид