3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:34, Душанбе
06.05.2025 13:18

Бо нақб мехоҳанд Баҳри Сиёҳ бо Баҳри Хазарро ба ҳам бипайванданд

Ду ширкат пешниҳод намудаанд, бо бунёд кардани нақби зеризаминии диаметраш 10-метра Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Хазарро ба ҳам бипайванданд. Ин пешниҳод аз сӯйи ширкати озарбойҷонии “Адог” ва бандари байналмилалии Зира матраҳ шудааст. Бар асоси ин лоиҳа нақби мазкур соҳили Баҳри Сиёҳ аз сӯйи Гурҷистон ва Русияро ба Хазар мепайвандад.

Таъкид мешавад, ки бо сабаби фарқи табиии сатҳи об дар ду баҳр, оби Баҳри Сиёҳ метавонад бе истифодаи насос ба таври худкор ба Баҳри Хазар бипайвандад.

“Ин ташаббус барои танзими тавозуни обии Баҳри Хазар равона шудааст, ки сатҳи он дар солҳои ахир бо суръати нигаронкунанда паст шуда истодааст. Ин ҳолат хавфҳои ҷиддии экологӣ, иқтисодӣ ва инфрасохториро барои кишварҳои соҳилнишин ба миён меоварад” – зикр шудааст дар пешниҳоди ширкатҳои зикршуда.

Намояндагони ширкат гуфтаанд, ки татбиқи лоиҳа бо назорати комили экологӣ ва тадбирҳои ҳифзи гуногунрангии ҳаётӣ (биомуҳит) амалӣ карда мешавад. Ширкати Адог эълон кард, омода аст, ки корҳои таҳияи асосноккунии иқтисодӣ-техникиро оғоз карда, захираҳои заруриро сафарбар намояд.

Муаллифони пешниҳод аз мақомоти давлатӣ хостаанд, ки ин ташаббус дар сатҳи давлатӣ баррасӣ гардад ва ба мақомоти салоҳиятдор супориш дода шавад ва машваратҳои ибтидоиро баргузор кунанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 2024 Қосим-Жомарт Токаев дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмонҳои давлатҳои турк даъват кард, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти экологӣ дар Баҳри Хазар ва Баҳри Арал иқдомҳои муштарак анҷом диҳанд.

Коршиносон таъкид кардаанд, дар моҳи феврали соли 2025 мушаххас шуд, ки сатҳи оби Баҳри Хазар дар давоми 20 соли охир 2 метр коҳиш ёфтааст. Ин суръат то ҳол мушоҳида нашудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.