Созмони “Табибони бидуни марз”: Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ду корманди мо дар Ғазза кушта шуданд
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи буҷаи ҷанг алайҳи Эрон шуд
Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод
Кореяи Шимолӣ тавлиди силоҳҳои ҳастаиро ба сатҳи бесобиқа расондааст
Созмони “Табибони бидуни марз”: Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ду корманди мо дар Ғазза кушта шуданд
Созмони байналмилалии Табибони бидуни марз” аз кушта шудани ду корманди худ дар ҳамлаи мустақими ҳавоии Исроил ба яке аз марказҳои тиббии ин созмон дар Навори Ғазза изҳори хашм ва таассуф кардааст.
Ба гузориши расонаҳо, ин созмон дар баёнияе эълон кардааст, ки ду корманди он, ки ба ҳайси посбон фаъолият мекарданд, дар ҳамлаи шоми гузашта ба яке аз марказҳои тиббиаш кушта шудаанд.
Табибони бидуни марз ин ҳамларо “зарбаи мустақим ба созмон” номида, таъкид кардааст, ки бо кушта шудани ин ду нафар, шумораи кормандони ин ниҳод, ки аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза ҷони худро аз даст додаанд, ба 17 нафар расидааст.
Дар баёнияи Созмон омадааст, ки бинои мавриди ҳамла бо нишону рамзи “Табибони бидуни марз” ба таври равшан муайян буд. Ҳамчунин, ин созмон қаблан мавқеи ҷуғрофии маркази тиббиро ба артиши Исроил хабар дода буд ва ҷойгиршавии он барои неруҳои исроилӣ маълум буд.
Созмони “Табибони бидуни марз” бо изҳори хашм аз кушта шудани кормандонаш, ҳамларо ҳадаф қарор додани яке аз марказҳои тиббии худ арзёбӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Бабри барфӣ пас аз муоина ба макони бехавф баргардонида шуд
Маскав: “Долони Трамп” бе ба назар гирифтани манфиатҳои Эрон ва Русия ноком хоҳад шуд
Созмони “Табибони бидуни марз”: Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ду корманди мо дар Ғазза кушта шуданд
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи буҷаи ҷанг алайҳи Эрон шуд