“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Президенти Гурҷистон парлумонро “ғайриқонунӣ” эълон кард
Саломе Зурабишвилӣ, президенти ҳозираи Гурҷистон бо вуҷуди ба охир расидани муҳлати ваколаташ барои рафтан аз мансаб худдорӣ кард ва гуфт парлумон “ғайриқонунӣ” аст.
Саломе Зурабишвилӣ таъкид кард, ки ваколати ӯ то замони интихоби “Парлумони қонунӣ” идома хоҳад кард.
Дар чор рӯзи охир эътирозҳои саросарӣ дар Гурҷистон идома дорад. Неруҳои вижаи ин кишвар барои пароканда кардани эътирозгарон дар назди бинои парлумон аз неруҳои амниятӣ ва мошинҳои обпош истифода карданд.
Эътирозгарон баъди он ба майдони марказии Гурҷистон омаданд, ки ҳукумат тасмим гирифт, гуфтугӯҳои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро то соли 2028 ба таъхир андозад. Эътирозгарон талаб карданд, ки раванди ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупо ба таъхир андохта нашавад.
Интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар, ки чанд моҳ қабл сурат гирифт, аз назари мухолифон пур аз тақаллуб будааст. Онҳо талаб доранд, ки интихоботи парлумонӣ аз сар гузаронида шавад. Президенти Гурҷистон низ гуфтааст, ки парлумони навро қабул надорад ва то замони баргузор шудани интихоботи парлумонӣ дар мақоми худ боқӣ мемонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт