Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Баёнияи муштараки Чин ва Покистон: таъкид бар тақвияти ҳамкориҳои зиддитероризм ва истиқбол аз дипломатия дар баробари Толибон
Чин ва Покистон бо нашри баёнияи муштарак, бар тақвияти ҳамкориҳои зиддитероризм аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ ва тамаркуз бар дипломатия дар танишҳо миёни Толибон ва Покистон таъкид ва бо меъёрҳои “дугона” дар мубориза бо терроризм мухолифат кардаанд.
Вазорати хориҷаи Покистон, рӯзи сешанбе, 26-уми май пас аз сафари Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ба Пекин, баёнияи муштараки миёни Чин ва Покистонро мунташир кард.
Дар баёния омадааст, ки тарафи покистонӣ иқдомҳои ҳадафманд барои тақвияти тадбирҳои амниятӣ ва ҳамкориҳоро ба манзури кафолати амнияти кормандон, лоиҳаҳо ва ниҳодҳои чинӣ дар Покистон қабул хоҳад кард.
Бар асоси баёния, Чин низ аз муборизаи давомдор ва қотеъи Покистон алайҳи терроризм ҳимоят мекунад ва ҳар ду тараф аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳанд, ки ҳамкориҳои зиддитероризмро тақвият кунад.
Дар баёния ҳамчунин, ду тараф тавофуқ кардаанд, ки ба таври қотеъ аз низоми байналмилалии пойбанди Созмони Милали Муттаҳид, назми байналмилалии муттакӣ бар ҳуқуқи байналмилал ва усули асосии ҳоким бар равобити байналмилал бар пояи ҳадафҳо ва усули Маншури Созмони Милал муҳофизат кунанд.
Дар баёния гуфта шудааст, ду тараф тавофуқ карданд, ки ба таври муштарак як ҷаҳони чандқутбии одилона ва муназзам ва як назми иқтисодии ҷаҳонии фарогир ва судманд барои ҳамагонро тарвиҷ диҳанд.
Чин ва Покистон, ҳамчунин, дар баёнияи муштарак, мухолифати худро бо ҳар гуна иқдоми якҷониба эълом карда ва бар аҳамияти ҳифзи сулҳ ва субот дар Осиёи Ҷанубӣ ва ҳалли тамоми ихтилофоти боқимонда аз тариқи гуфтугӯ ва дипломатия таъкид кардаанд.
Дар бахше аз баёния навишта шудааст, ки Чин аз талошҳои Покистон барои идомаи оташбаси муваққат миёни Амрико ва Эрон ва баргузории гуфтугӯҳои Исломобод қадрдонӣ кардааст.
Ҳамчунин, ду кишвар омодагии худро барои иштироки муштарак дар бозгардондани сареъи сулҳ ва субот дар минтақа изҳор кардаанд.
Дар ин баёния бо ишора ба танишҳо миёни Покистон ва гурӯҳи террористии Толибон, омада, ки тарафи покистонӣ ба сурати мусбат аз баргузории муваффақи гуфтугӯҳои ғайрирасмии миёни Чин, “Афғонистон” ва Покистон дар Урумчӣ дар апрели 2026 истиқбол намудааст.
Бар асоси баёния, Чин ва Покистон тавофуқ кардаанд, ки дар бораи масъалаи Афғонистон дар иртибот ва ҳамоҳангии наздик боқӣ бимонанд.
Ду кишвар ҳамчунин, бар зарурати ҷилавгирӣ аз истифодаи ҳар фард, гурӯҳ ё созмоне, аз ҷумла Таҳрики Толибони Покистон (TTP) ва Ҷунбиши Исломии Туркистони Шарқӣ (ETIM) аз қаламравҳо барои осеб расондан ва таҳдиди амният ва манофеи минтақаӣ ё анҷоми иқдомҳо ва фаъолиятҳои террористӣ таъкид кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид