Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Сарбозони худкуши Кореяи Шимолӣ дарди сар барои артиши Украина
Украина мегӯяд, баъди баррасии 12 ҷасади сарбози Кореяи Шимолӣ дарёфтаанд, ки онҳо дар ҷараёни амалиёти низомӣ худро тарконидаанд.
Тибқи иттилои артиши Украина ҷасади 12 сарбози Кореяи Шимолӣ дар минтақаи Курски Русия бо нишонаҳои худтарконӣ пайдо шудаанд.
Ҳузур ёфтани низомиёни Кореяи Шимолӣ, ки даст ба худтарконӣ мезананд, мушкилоти ҷиддиро барои артиши Украина ба вуҷуд овардааст.
Бар асоси иттилои неруҳои амалиёти махсуси Украина, ки дар шабакаи иҷтимоии “Х” нашр шуд, баъди ҷанг дар минтақаи Курски Русия дар ҳафтаи равон ҷасадҳои зиёда аз 12 сарбози кушташудаи Кореяи Шимолӣ пайдо шуд, ки баррасӣ шуданд.
Дар ин гузориш зикр мешавад, ки дар миёни ҷасади сарбозон якеро зинда дастгир кардаанд. Вале, бо наздик шудани сарбозони Украина ӯ худро бо норинҷак тарконидааст.
Хабаргузории Рейтерз гузориш додааст, мушоҳидаҳои майдони ҷанг нишон медиҳад, ки бархе сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Украина иқдомҳои шадид анҷом медиҳанд.
Ким як сарбози 32-солаи пешини Кореяи Шимолӣ, ки дар соли 2022 ба Кореяи Ҷанубӣ фирор намуда буд, ба Рейтерз гуфтааст, ки “Худтарконӣ як воқеият дар мавриди артиши Кореяи Шимолӣ аст”.
Тибқи иттилои ВАО беш аз 11 ҳазор сарбозони Кореяи Шимолӣ дар Курск ба муқобили артиши Украина меҷанганд. Мақомоти Русия ҳанӯз ба таври расмӣ ҳузури низомиёни Кореяи Шимолиро тасдиқ накардаанд.
ВАО иттилоъ медиҳад, ки давлати Кореяи Шимолӣ ба сарбозонаш дастур додааст, ки зинда ба дасти душман асир нашаванд ва даст ба худкушӣ бизананд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд