Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Эътирозҳои пурошӯби Гурҷистон идома дорад
Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ дар як изҳороти телевизионӣ гуфт, ки кишвараш дар ҳолати ошӯб қарор дорад.
Ин изҳороти президент баъди он садо дод, ки мақомоти интизомӣ эътирозгаронро бо истифода аз зӯр пароканда карданд. Мақомоти интизомии Гурҷистон барои пароканда намудани эътирозгарон аз гази ашковар истифода намуда, садҳо нафарро дар иртибот ба ташкили эътирозҳо боздошт намуданд.
Эътирози мардуми Гурҷистон баъди он шиддат гирифт, ки сарвазир Ираклий Кобахидзе рӯзи 27-уми ноябр эълон кард, музокироти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 ба таъхир гузошта мешавад. Мухолифон бо маҳкум намудани иқдоми сарвазир ба майдонҳо баромаданд ва аз ҳукумат дахост карданд, ки музокироти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо фавран аз сар гирифта шавад. Сарвазир дар посух ба хости эътирозгарон эълон кард, ки музокироти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо аз сар гирифта мешавад.
Эътирозҳо ҳанӯз идома дорад. Сарвазир таъкид мекунад, ки президент Саломе Зурабишвилӣ барои ба анҷом расидани муҳлати ваколаташ курсиро холӣ кунад. Вале президент мегӯяд, ки интихоботи парлумонӣ пур аз тақаллуб буд ва то замони баргузории интихоботи шаффоф дар мансабаш боқӣ мемонад. Президент парлумони тозаинтихобро “ғайриқонунӣ” медонад.
Сарвазир Ираклий Кобахидзе таъкид кард, ки президент Саломе Зурабишвилӣ “ҳамроҳи мухолифини тундгаро буд ва гумон дошт, ки ба ин васила дар курсӣ мемонад, аммо онҳо шикаст хӯрданд”.
Қобили зикр аст, ки интихоботи парлумонии Гурҷистон бо пирӯзии эътилофи “Орзуи гурҷӣ” поён ёфт ва Ираклий Кобахидзе сарвазир интихоб шуд.
Тибқи низоми сиёсии Гурҷистон президентро вакилони парлумон интихоб мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид