Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Газетаи русӣ: Музокироти сулҳи Украина дар Риёз оғоз мешавад
Расонаҳои Русия гузориш медиҳанд, ки музокироти сулҳи Украина рӯзи сешанбе бо мизбонии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Риёзи ин кишвар оғоз хоҳад шуд.
Бар асоси иттилои расонаҳои русӣ дар ин музокирот ҳайатҳои Русия ва Амрико масъалаҳои сулҳ ва тавофуқи оташбаси ҷанги Украинаро баррасӣ хоҳанд кард.
Рӯзномаи “Коммерсант”-и чопи Маскав навишт, ки музокироти ҳайати русӣ рӯзи сешанбе дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.
Дар ҳамин робита, шабакаи телевизионии “Ал-арабия” хабар дод, ки як ҳайати украинӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кардааст, то шароити сафари Владимир Зеленскийро созмондиҳӣ кунад.
Пеш аз ин, баъди тамоси телефонии Доналд Трамп ва Владимир Путин дар таърихи 12-уми феврали соли ҷорӣ Арабистони Саудӣ омодагии худро барои мизбонии сулҳи Украина эълон кард.
Ҳамчунин, вебсайти амрикоии хабарии “Ахиос” навишт, ки мулоқоти мақомҳои амрикоӣ ва русӣ барои баррасии эҳтимолии созиш дар хусуси Украина рӯзи сешанбе дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.
Ин манбаъ хабар додааст, ки ҳайати амрикоиро дар музокирот вазири корҳои хориҷӣ, мушовири амнияти миллӣ ва намояндаи хоси президент дар умури Ховари Миёна намояндагӣ хоҳанд кард.
Ин иттилоъ дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзи гузашта Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ин гуфтугӯ ҷонибҳо омодагии худро барои оғози музокирот баён карданд. Ҳамчунин, вазирони хориҷаи ду кишвар масъалаи дидори эҳтимолии Доналд Трамп ва Владимир Путинро баррасӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид