Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Тамриноти СААД бо таҷҳизоти сангин, паҳпод ва 1500 низомӣ оғоз шуд
Марҳилаи якуми тамриноти муштараки кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо ширкати 1500 сарбоз ва таҷҳизоти сангини низомӣ таҳти унвони рамзии “Сарҳад- 2024” дар пойгоҳи Ҳарбмайдон оғоз шуд. Дар ин бора сухангӯйи СААД Влдислав Шегрикович итиллоъ дод.
Сухангӯйи СААД Владислав Шегрикович ба “ТАСС” гуфт, ки марҳилаи аввали тамриноти «Сарҳад-2024» бо ширкати неруҳои вокуниши сареъи созмони мазкур дар Тоҷикистон оғоз гардид.
Тибқи иттилоъ, Эмомалӣ Собирзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон дар хусуси тамринот гуфтааст: “мубориза бо ҳамлаи душмани хориҷӣ, муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ ва анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ ҳадафи тамриноти мазкур аст”. Ӯ таъкид кардааст, ки тамринот барои Тоҷикистон, ки ҳамсарҳади Афғонистон мебошад, аҳамияти муҳим дорад.
Муовини аввали ситоди СААД Ҳасан Калоев таъкид кардааст, ки неруҳои вокуниши сареъи СААД дар минтақаи Осиёи Миёна аз соли 2001 ва дар замони афзоиши таҳдидҳои террористӣ таъсис шуд, ки бахши калидии системаи амнияти дифоъии созмони мазкур мебошад.
Дар тамриноти “Сарҳад -2024”, ки аз 17 то 21-уми октябр идома меёбад, 1500 низомӣ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд ва 250 таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла ҳавопаймо, чархбол ва паҳпод дар он истифода мешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид