12 Май 2025,
душанбе, 14:30, Душанбе
03.11.2024 16:40

Русия Гуглро 2,5 триллион доллар ҷарима кард

Пас аз он ки Гугл бар зидди ахбори марбут ба Русия иқдом кард, мақомоти ин кишвар шабакаи ҷустуҷӯи Гуглро ба маблағи 2,5 триллион доллар ҷарима намуд.

Ин қарори Русия бо далели ҳазви шабакаҳои телевизионии Русия аз “Ютуб” сурат гирифтааст.

ТАСС аз қавли адвокат Иван Мозоров навишт, ки ин тахаллуфот барои Гугл хисорот доштааст.

Ҳамчунин, Роман Янковский коршиноси рус дар бораи пардохти ҷарима аз ҷониби ин шабакаи ҷаҳонии ҷустуҷӯ чунин гуфтааст: “Гугл табъан ин ҷаримаро пардохт нахоҳад кард ва Федератсияи Русия низ наметавонад ин маблағро аз ин ширкат ситонад”.

Бояд гуфт, ки даромади Гугл андаке бештар аз 2 триллион доллар мебошад.

Гугл бошад ҳанӯз дар робита ба ин иқдоми Русия посухе надодааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.05.2025 10:10

Имсол дар Суғд ба 250 нафар донишҷӯ стипендияи раиси вилоят дода мешавад

Дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани стипендияҳои раиси вилоят барои донишҷӯёну аспирантон барои соли таҳсили 2024-2025 бо ширкати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
10.05.2025 13:25

Аз зиндон то ҳукми қатл. Бобак Занҷонӣ - тоҷири эронӣ ба иқтисод бозгашт

Бобак Заҷонӣ тоҷири баҳсбарангез ва гумонбар ба фасоди бузурги молӣ баъди даҳ соли содир шудани ҳукми қатлаш дубора ба саҳнаи тиҷорат боз гаштааст. Расонаҳо гузориш доданд, ки Бобак Занҷонӣ бо таъсис додани чанд ширкати нав дубора фаъолиятҳои тиҷоратиашро оғоз кардааст.
09.05.2025 11:00

Муовини собиқи парлумони Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Кения боздошт шуд

Зоҳир Қадир, муовини Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай ба иттиҳоми “дасиса барои коҷоқи маводи мухаддир” ва нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳҳои худкор дар кишвари Нейробӣ боздошт шуд. Зоҳир Қадир бо дархости Идораи мубориза бо маводи мухаддири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздошт шудааст.
09.05.2025 10:22

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар ҶБВ 100 ҳазор тоҷикон кушта, 60 ҳазор захмӣ ва 40 ҳазор беному нишон шуданд”

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи панҷшанбе, 8-уми май ба муносибати ҷашни 80-солагии Ғалаба дар назди Оташи абадӣ гулчанбар гузошта, дар маросими паради ҳарбӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
09.05.2025 10:05

Ҳинд ва Покистон ҷанги тӯлонӣ ва бузаргтарини ҳавоиро анҷом доданд

Рӯзи 8-уми май миёни неруҳои ҳавоии Ҳиндустон ва Покистон ҷанги ҳавоӣ оғоз шуд. Бар асоси иттилои расонаҳо ин ҷанги ҳавоӣ тӯлонитарин ва бузургтарин ҷанги ҳавоӣ дар миёни ду кишвар аст. Дар ин ҷанги ҳавоӣ беш аз 125 ҳавопаймои ҷангӣ зиёда аз як соат дар ҳаво ҷангиданд.