“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Пас аз се ҳафта. Озарбойҷон ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум кард
Ёвари сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар як тамоси телефонӣ бо муовини сиёсати хориҷӣ ва амнияти байналмилалии Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломиии Эрон ҳамлаи режими Исроил ба хоки ин кишварро шадидан маҳкум намуд.
Ҳикмат Ҳоҷиев, ёвари сиёсати хориҷии Президенти Озарбойҷон дар суҳбати телефонӣ бо муовини сиёсати хориҷӣ ва амнияти байналмилалии Шурои олии амнияти миллии ҶИЭ, бо изҳори тасаллият ба шаҳодати фармондеҳон ва донишмандон ҳамлаи режими Исроилро ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳкум намуд.
Дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҷонибҳо ба боло бурдани сатҳти робитаҳои дуҷониба ва суръат бахшидан ба иҷрои созишномаҳои ҳосилшуда миёни президентҳои ду кишвар таъкид намуданд.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки масъалаҳои вобаста ба сафари Алиакбар Аҳмадиён, Дабири Шурои олии амнияти миллӣ ба Озарбойҷон, аз ҷумла ҳаллу фасли мушкили донишҷӯёни эронии машғули таҳсил дар Озарбойҷон пайгирӣ карда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт