Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
“Чатри атомӣ”-и Русия кишварҳои узви СААД-ро ҳимоят хоҳад кард
Дабири Шурои амнияти Федератсияи Русия дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД таъкид кард, ки доктаринаи нави атомии Русия шомили кишварҳои узви СААД низ мешавад.
Тибқи иттилои “РИА Новости” Сергей Шойгу, дабири кулли Шурои амнияти Русия гуфтааст, ки “чатри атомӣ”-и кишвараш тибқи доктаринаи нави қабулшуда, дар марҳилаи аввал шомили кишварҳои узви СААД мешавад. Ӯ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки доктаринаи нави атомии Русия “комилан шаффоф” ва “рӯшан” аст: “Мо фикр мекунем, ҳама чизро ба рӯшанӣ тавзеҳ додаем. Бинобар ин, аз ҳамкорон, бахусус ҳамкорони аврупоӣ дархост мекунем, ки ин доктаринаро ба таври комил ва бодиққат мутолиа кунанд ва аз тафсирҳои интихобшуда ва иловагии мафҳумҳои ғайримуртабит худдорӣ намоянд.”
Дабири Шурои амнияти Русия бо таъкиди ин нукта, ки доктаринаи нави қабулшуда ҳадафаш муҳофизат аз кишварҳои узви СААД аст, боз чунин афзудааст: “Табиатан, дар ин доктарина мавзуи муҳофизат аз кишварҳои муттаҳидини Русия дар авлавият қарор гирифтааст. Илова бар ин, дар ин санад як замимаи муҳим вуҷуд дорад, ки вобаста ба Беларусия мешавад ва ба назари ман он низ қобили таваҷҷуҳ аст”.
Изҳороти генерали рус дар ҳолест, ки чанде қабл собиқ канслери Олмон Ангела Меркел таъкид кард, ки қобилиятҳои атомии Русия “бисёр ваҳшатнок” аст ва аз кишварҳои аврупоӣ хост барои пешгирӣ аз ҳодисаи атомӣ иқдом кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид