“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Таркиш дар Покистон боиси кушта шудани 10 низомӣ шуд
ВАО –и Покистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи як террорист ба неруҳои мусаллаҳи Покистон 10 нафар низомӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Тибқи гузориши ВАО ҳамлаи террорист дирӯз дар минтақаи Бануи Хабипахтунхоҳи Покистон рух додааст. Дар қатори низомиён афроди ғайринизомӣ низ дар ин ҳодисаи террористӣ захмӣ шудаанд.
Полиси минтақа гуфтааст, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба постгоҳи низомӣ хисороти зиёд ворид намудааст.
Масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ ва террористиро гурӯҳи террористии Таҳрики Толибони Покистон бар уҳда гирифтааст.
Ҳамлаи интиҳорӣ дар ҳоле сар задааст, ки тайи як соли гузашта нооромиҳо ва ҳамлаҳои террористӣ дар Покистон ба авҷи худ расидааст.
Чанде қабл Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамроҳ бо Ҷумҳурии мардумии Чин барои саркуби гурӯҳҳои террористӣ машқҳои низомии муштарак анҷом доданд. Покистон барои пешгирӣ аз фаъолиятҳои гурӯҳи террористии Таҳрики Толибони Покистон аз Чин кумак хостааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт