Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Рӯзномаи ҳиндӣ: “Ҳимояти Покистон аз мухолифони Толибон хатарнок аст”
Рӯзномаи ҳиндии “Зе Принт” менависад, ки артиши Покистон мехоҳад барои саркӯб намудани Толибон аз собиқ роҳбарони сиёсии зиддитолиб ҳимоят кунад.
Ин рӯзнома бо ишора ба мулоқоти мақомоти Созмони иктишофии Покистон (ISI) бо роҳбарони мухолифи Толибон дар Туркия менависад, ки сиёсати нави артиши Покистон барои фишор ба Толибон бо ин шева пурхарҷ, хатарнок ва бесамар аст.
Ин рӯзнома қаблан низ навишта буд, ки Покистон дар пайи ҳимоят аз мухолифони Толибон аст. Дар гузориши рӯзнома таъкид мешавад, ки Покистон бо ҳимоят аз гурӯҳи террористии Толибон дар даҳаҳои гузашта умедвор буд, ки Афғонистон дар зери нуфузаш боқӣ мемонад, вале Толибон пас аз ба қудрат расидан тамоюле ба пайравӣ аз сиёсати Покистон нишон надода, бо дигар кишварҳо наздиктар шуданд.
Рӯзномаи “Зе Принт” менависад, ки ин сиёсат боис гардидааст, ки Покистон ба дунболи роҳҳои алтернативӣ, аз ҷумла ҳимояти роҳбарони мухолифи Толибон равад.
“Бисёре аз коршиносон бовар доранд, ки ин сиёсат низ маҳкум ба шикаст аст” – менависад рӯзномаи “Зе Принт”.
Дар гузориши рӯзнома таъкид мешавад, ки тақвияти робитаҳои артиши Покистон бо роҳбарони пешини Афғонистон дар дарозмуддат метавонад боиси шиддат гирифтани ихтилофоти минтақавӣ шавад. Ин рӯзнома таъкид мекунад, ки бо таваҷҷуҳ ба густариши робитаҳои Ҳинд бо гурӯҳи террористии Толибон ҳимояти Покистон аз роҳбарони зидди Толибон метавонад ҷиддӣ бошад.
“Гузоришҳои зиёде дар хусуси мулоқоти махфии ҳайати ISI бо роҳбарони маъруфи муҳоҷири афғонистонӣ дар Туркия вуҷуд дорад. Дар замони афзоиши танишҳои низомӣ ва дипломатии Покистон бо Толибон талоши ISI барои барқарор намудани робита бо роҳбарони зидди Толибон барои баргардондани нуфузи Покистон дар Афғонистон аст” – менависад “Зе Принт”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид