3 Ноябр 2026,
сешанбе, 17:15, Душанбе
06.01.2025 14:29

Қазоқистон мехоҳад, ки барои ҳалли ҷанг миёни Русия ва Украина миёнаравӣ кунад

Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт-Токаев дар суҳбат бо рӯзномаи “Ана тилӣ”-и чопи Қазоқистон пешниҳод кард, ки омадааст барои ҳалли муноқиша миёни Русия ва Украина миёнарав шавад.

Президенти Қазоқистон дар ин суҳбат таъкид карда, ки Русия шикастнопазир аст ва Украина бо кумаки муттаҳидони ғарбии худ бар зидди ин кишвар меҷангад. Ӯ афзуда, ки барои барқарор намудани оташбас ва сулҳ миёни Русия ва Украина омода аст, миёнарав шавад.

“Аз замони ҷанг Қазоқистон алоқаманд ба анҷоми музокирот барои дастёбӣ ба сулҳ буд. Аммо таъкид дорам, ки мо ҳеч куҷо бар миёнаравӣ пофишорӣ надоштаем. Дар арсаи байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба зарфият ва имконоти Қазоқистон амал мекунем. Мо ҳамвора омодаем, ки барои ҳалли  мушкилоти байналмилалӣ кумак кунем” – таъкид намуд президенти Қазоқистон.

Қосим Жомарт-Токаев таъкид кард, ки зимни суҳбат бо президенти Амрико Доналд Трамп оид ба масъалаи ҳалли муноқишаи Украина гуфтугӯ намуда, ба поён  додани ҷанг таъкид кардааст.

Президенти Қазоқистон таъкид намуд, ки масъалаи ҳалли муноқишаи Украина “бисёр печида” аст ва он ба иродаи роҳбарони кишварҳо, бахусус президенти Амрико Доналд Трамп вобаста мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.