15 Ноябр 2026,
якшанбе, 07:24, Душанбе
17.10.2024 10:15

Русия барои тағйири “ному насаб” нисбати 5 ҳазор муҳоҷир “парванда” боз кардааст

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки Федератсияи Русия нисбати 5 ҳазор муҳоҷирони депортшудае, ки бо тағйири ному насаб вориди ин кишвар шудаанд, парванда боз кардааст.

Вазорати корҳои дохилӣ бо таъкиди ин ки дар оянда бо ҷорӣ шудани низоми биометрӣ дар майдони ҳавоӣ ва нуқтаҳои гузаргоҳи Русия раванди вуруди муҳоҷирон ба ин кишвар зери назорати ҷиддӣ қарор мегирад, ба онҳо тавсеа пешниҳод кардааст.

ВКД-и Тоҷикистон таъкид кардааст, ки аз 1 –уми декабри соли 2024 дар майдонҳои ҳавоии марказии шаҳри Маскав ва нуқтаи гузаргоҳи “Маштаково” низоми муайян кардани шахсияти беометрии муҳоҷирон роҳандозӣ хоҳад шуд, ки он баъдан дар тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳо мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Раванди мазкур кори шиносоии шахсияти шаҳрвандонеро, ки вориди хоки Русия мешаванд, осон мекунад. Дар оянда бо изи ангушт муайян карда мешавад, ки шахси воридшуда чӣ корнома дорад ва ба қонуншиканӣ даст задааст ё на.

ВКД Тоҷикистон дар иттилоияи худ чунин таъкид кардааст: “...Маҳдудияти вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки кӯшиши убури сарҳади давлатиро бо маълумоти тағйирёфтаи шахсият, яъне ивази ному насаби пештараи худ, ки иҷозати вурудро ба ФР надоштанд, қариб 5 ҳазор чунин шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардид. Нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар асоси маълумоти нави шахсият дар бораи манъи вуруд ба ФР қарор қабул карда мешавад”.

 Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.