


Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид

Дар Душанбе Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ “диалоги зиддитеррористӣ” доир кард

Муносибати системавӣ ба таълим ва қонунигардонии муҳоҷирати меҳнатӣ

Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”
Афзоиши рекордии тиҷорати Чин бо Русия
Чин эълон кард, ки арзиши воридот ва содирот миёни Чин ва Русия дар соли 2024 ба 245 миллиард доллар расид, ки он нисбати омори соли гузашта афзоиши рекордиро нишон медиҳад.
Бар асоси омори гумруки Чин арзиши тиҷорати юани Чин ва Русия 2, 9 дарсад дар соли 2024 нисбат ба соли гузашта рушд ёфтааст.
Қаблан Рейтерз хабар дода буд, ки тиҷорати дуҷониба миёни ин ду кишвар ба сабаби пардохт дар соли гузашта пас аз идома ёфтани таҳримҳои Амрико бар зидди бонкҳое, ки бо Русия муомила мекунанд, душвор шуд.
Владимир Путин моҳи сентябри ҳамин сол изҳор кард, ки чолиши аслии тиҷорат миёни Русия ва Чин баробаркунии ҳисобҳои дуҷониба аст.
Омори гумруки Чин нишон медиҳад, ки содироти бастаҳои тиҷоратии чинӣ ба Русия дар соли 2024 нисбат ба соли гузашта 5 фоиз бо ҳисоби юан рушд доштааст, ки он нисбат ба рушди 53, 9 фоиз дар соли 2023 коҳиши чашмгир доштааст. Воридот аз Русия дар соли гузашта 1 фоиз афзоиш ёфт, ки нисбат ба рушди 18, 6 дарсадӣ дар соли 2023 коҳиш ёфт.
Дар пояи ин хабаргузории “РИА Новости” аз қавли сарчашмаҳои худ менависад, ки президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли 2025 барои анҷоми сафари корӣ ба Русия хоҳад омад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҷамъбасти шашмоҳаи аввал. Масъулини маорифи кишвар кадом масъалаҳоро бояд ҳал кунанд?
Дастин Поре сабаби аз варзиш рафтанашро гуфт
Шоҳин Муродов: “Дар блогинги тоҷик шахсони ҳирфаӣ кам ҳастанд”
Финали ғайриинтизор. "Челси" қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо шуд
