28 Ноябр 2026,
шанбе, 18:30, Душанбе
28.11.2026 15:44

Раҳбари ҳизби чапгарои Фаронса: Эрон ҳаққи дифоъ аз худро дорад

Жан-Люк Меланшон, раҳбари ҳизби чапгарои “Фаронсаи таслимнопазир”, дар як ҳамоиши интихоботӣ дар шаҳри Лил аз ҳаққи Эрон барои дифоъ аз ҳокимияти миллӣ ҳимоят карда, ҳамзамон хостори қатъи равобити тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо бо ҳукумати Бенямин Нетаняҳу шудааст.

Ба гузориши расонаҳо Меланшон ин мавзеъро дар ҳамоиши ҳизбии худ дар шаҳри Лилл баён кардааст. Ӯ дар ин ҳамоиш аз номзади ҳизбаш Лоҳурия Адуш дар интихоботи шаҳрдории ин шаҳр ҳимоят кардааст.

Меланшон: дифоъи Эрон қонунӣ аст

Раҳбари ҳизби “Фаронсаи таслимнопазир” зимни суханронӣ дар бораи ҳамлаи низомӣ ба Эрон гуфтааст, ки Теҳрон дар мавқеи дифои ҳуқуқи қарор дорад.

Ӯ изҳор доштааст: “Ба ҳамин далел, Эрон дар мавқеи дифои ҳуқуқӣ қарор дорад ва дар баробари ин флоти ҷангие, ки пушти дарвозаҳои он мустақар шудааст, мубориза мекунад”.

Меланшон ҳамчунин, таъкид кардааст, ки миллатҳо бояд худашон дар бораи сарнавишти худ тасмим бигиранд ва набояд хостаи қудратҳои хориҷӣ ба онҳо таҳмил шавад.

Ин мавзеъгирӣ дар идомаи интиқодҳои ӯ аз ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба Эрон сурат гирифтааст. Меланшон қаблан низ амалиёти низомӣ алайҳи Эронро хилофи ҳуқуқи байналмилалӣ дониста буд.

Хабаргузории Фаронса низ дар гузорише, ки 1-уми марти соли 2026 нашр кардааст, навишта буд, ки Меланшон ҳамлаҳои Амрико ва Исроилро “инкори тамоми ҳуқуқи байналмилалӣ” хондааст.

Талош барои қатъи равобити тиҷоратии Аврупо бо Исроил

Меланшон дар бахши дигари суханронии худ аз оғози ҷамъоварии имзо барои ташкили як дархости умумӣ хабар додааст, ки ҳадафи он водор кардани Парлумони Аврупо ба баррасӣ ва қатъи равобити тиҷоратӣ бо ҳукумати Бенямин Нетаняҳу мебошад.

Ӯ гуфтааст: “Мо як дархости умумиро роҳандозӣ кардаем, то Парлумони Аврупоро водор кунем, ки равобити тиҷоратӣ бо ҳукумати Нетаняҳуро баррасӣ ва қатъ кунад”.

Ин мавзеъгирӣ дар идомаи интиқодҳои пайвастаи Меланшон аз амалкарди Исроил дар Навори Ғазза ва талабҳои ӯ барои боздоштани ҳамкориҳои Аврупо бо Тел-Авив баён шудааст.

Ҳизби “Фаронсаи таслимнопазир” қаблан низ хостори боздоштани созишномаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Исроил шуда буд.

Рӯзномаи “Ле Монд” дар гузориш рӯзи 7-уми ноябри соли 2026 навишта буд, ки масъалаи Фаластин ва ҷанги Ғазза дар барномаи сиёсати хориҷӣ ва мавзеъҳои интихоботии ин ҳизб ҷойгоҳи меҳварӣ пайдо кардааст.

Ҳамоиш бо иштироки тақрибан 3 ҳазор нафар

Ба гузориши рӯзномаи Мактаби рӯзноманигории Лилл, дар ҳамоиши муштараки Меланшон ва Адуш дар толори “Гранд Пале”-и шаҳри Лилл тақрибан 3 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Рӯзномаи “Ле Паризйен” низ толори “Гранд Пале”-ро пур аз ҷамъият тавсиф кардааст.

Ин ҳамоиш дар остонаи даври дуюми интихоботи шаҳрдорӣ ва бо ҳадафи ҳимоят аз номзади ҳизби чапгарои “Фаронсаи таслимнопазир” баргузор шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

28.11.2026 15:44

Раҳбари ҳизби чапгарои Фаронса: Эрон ҳаққи дифоъ аз худро дорад

Жан-Люк Меланшон, раҳбари ҳизби чапгарои “Фаронсаи таслимнопазир”, дар як ҳамоиши интихоботӣ дар шаҳри Лил аз ҳаққи Эрон барои дифоъ аз ҳокимияти миллӣ ҳимоят карда, ҳамзамон хостори қатъи равобити тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо бо ҳукумати Бенямин Нетаняҳу шудааст.
28.11.2026 09:52

Баррасии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Тошканд

27-уми ноябр дар шаҳри Тошканд раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UN Tourism) Шайха Ал-Нувайс мулоқот намуд.
28.11.2026 08:57

Бабри барфӣ пас аз муоина ба макони бехавф баргардонида шуд

Мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кормандони Парки миллии Тоҷикистон бабри барфиеро пас аз муоинаи тиббӣ ба макони бехатар баргардониданд.
28.11.2026 08:55

Маскав: “Долони Трамп” бе ба назар гирифтани манфиатҳои Эрон ва Русия ноком хоҳад шуд

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳушдор додааст, ки нодида гирифтани манфиатҳои Эрон ва Русия дар иҷрои тарҳи мавсум ба “Долони Трамп” метавонад ин тарҳи ҳамлу нақлро ба шикасти комил рӯбарӯ кунад.
28.11.2026 08:49

Созмони “Табибони бидуни марз”: Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ду корманди мо дар Ғазза кушта шуданд

Созмони байналмилалии Табибони бидуни марз” аз кушта шудани ду корманди худ дар ҳамлаи мустақими ҳавоии Исроил ба яке аз марказҳои тиббии ин созмон дар Навори Ғазза изҳори хашм ва таассуф кардааст.
28.11.2026 06:13

Далер Ҷумъа бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Сангикар» шинос шуд

Имрӯз, 27-уми ноябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи хурди барқи обии «Сангикар» шинос шуд.
27.11.2026 15:00

Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд

Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти солонаи байниминтақавии Парлумонҳои Араб ва Осиёӣ: Ояндаи аҳолӣ ва рушди устувор дар самти тавонмандсозии занону ҷавонон, баробарӣ, тандурустӣ ва некӯаҳволӣ, ки дар шаҳри Коломбои Шри Ланка доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.
27.11.2026 12:38

Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд

Дар ҳошияи конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо директори дафтари минтақавии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар шаҳри Боку Абдулҳаким бин Фаҳад бин Абдулазиз Алсенан баргузор гардид.
27.11.2026 12:14

Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, эълом кардааст, ки дар дидор бо Марк Рютте, дабири кулли Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), дар бораи ҷанги Русияву Украина, даргириҳои Эрон ва афзоиши хароҷоти дифоии кишварҳои узви ин паймон гуфтугӯ кардааст.
27.11.2026 12:10

Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод

Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар шабона ба зерсохторҳои логистикии Украина ҳамла кардаанд. Ин вазорат ҳамчунин, гуфтааст, ки 317 паҳподи украинӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия сарнагун шудаанд.