“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Путин дар нишасти Русия ва АСЕАН дар Қазон ширкат хоҳад кард
Юрий Ушаков, ёрдамчии раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин дар нишасти Русия ва АСЕАН дар Қазон ширкат хоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, Ушаков ба хабарнигорон дар бораи иҷлоси солгарди Русия-АСЕАН дар Қазон ва барномаи раиси ҷумҳури Русия афзуд: “Путин дар иҷлоси солгарди Русия-АСЕАН дар Қазон дар рӯзҳои чоршанбе ва панҷшанбе (17 ва 18-уми июн) ширкат хоҳад кард”.
Маҷмаи тиҷоратии Русия ва АСЕАН бо ҳузури Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия ва Као Ким Хоурн, дабири кулли АСЕАН баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад ин маҷмаъ намояндагони ҷомеаҳои тиҷоратии беш аз 15 кишварро гирд оварад ва илова бар кишварҳои АСЕАН, тоҷироне аз Бангладеш, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ дар он ҳузур дошта бошанд.
Бар асоси гузориш барномаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар иҷлоси Русия ва АСЕАН дар Қазон шомили тамосҳои дуҷониба аст: “Ӯ тақрибан бо ҳамаи раҳбарон дидор хоҳад кард ва ин ҷаласаҳо пас аз вуруди ӯ ба Қазон, ҳатто пеш аз маросими истиқболи расмӣ, оғоз мешавад” – афзуд Юрий Ушаков, ёрдамчии раиси ҷумҳури Русия.
Бояд гуфт, ки ҳаҷми умумии гардиши моли тиҷоратӣ байни Русия ва АСЕАН дар 10 соли гузашта тақрибан 60 дарсад афзоиш ёфта ва тақрибан ба 22 миллиард доллар расидааст.
Бар асоси гузориш ин рӯйдод ба 35-умин солгарди равобит байни Русия ва АСЕАН ихтисос хоҳад дошт. Ду мавзуи асосии иҷлоси оянда табодули назар дар бораи масоили ҷории байналмилалӣ ва минтақаӣ ва баррасии 35 соли кори муштарак дар заминаи тавсеаи ҳузури стратегии байни Русия ва АСЕАН ва инчунин, ҷустуҷӯи масирҳои нав барои ҳамкорӣ дар сиёсат, иқтисод ва умури фарҳангӣ ва башардӯстона аст.
Русия дар иҷлоси Қазон бо ҳузури як ҳайати олирутба, шомили аъзои давлат, кормандони ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ ва намояндагони тиҷоратӣ намояндагӣ хоҳад шуд.
Султони Бруней Ҳасанал Болкиаҳ ва раиси ҷумҳури Филиппин Фердинанд Маркос Ҷуниор қасд доранд дар иҷлоси ояндаи Русия ва АСЕАН ширкат кунанд. Илова бар ин, нахуствазирони Ветнам, Камбоҷа, Лаос, Малайзия, Сингапур, Таиланд ва Тимури Шарқӣ дар ин рӯйдод ширкат хоҳанд кард. Вазири корҳои хориҷаи Индонезия низ дар ин иҷлос ҳузур хоҳад дошт.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Фердинанд Маркос Ҷуниор, ҳамтои филиппинии ӯ, пас аз иҷлоси Русия ва АСЕАН, баёнияи муштаракеро барои расонаҳо мунташир хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт