Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Албанезе: “Истеъфо намедиҳам. Ғарбиҳо ба ҷойи пайгарди ман ба наслкушии Ғазза бипардозанд”
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин бо таъкид бар ин ки аз кори худ зери фишорҳо канорагирӣ нахоҳад кард, гуфт: “Давлатҳои ғарбие, ки наслкушии Исроилро маҳкум намекунанд, беҳтар аст ба ҷойи пайгарди ҳуқуқии ман, ба ин наслкушӣ расидагӣ кунанд”.
Ба гузориши расонаҳо Франческа Албанезе дар мусоҳиба бо шабакаи “Алҷазира” таъкид кард: “Кишварҳое, ки худ қонунҳои байналмилалиро нақз мекунанд ва наслкуширо маҳкум намекунанд, лозим нест ба ман дарс диҳанд”.
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин аз кишварҳои ғарбӣ хост, то ба ҷойи пайгирди шахсии ӯ, гузоришҳое, ки вай дар бораи тахаллуфоти режими Исроил ироа кардааст, мавриди баҳс қарор диҳанд.
Вай изофа кард, ки баҳс бояд рӯйи муҳтавои ин гузоришҳо ва на рӯйи шахси ӯ мутамарказ шавад.
Албанезе тавзеҳ дод, ки ба далели маҳкум кардани ҷанги наслкушии режими Исроил алайҳи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ, ҳадафи як гурӯҳи таъқибгар қарор гирифтааст.
Вай идома дод: “Ин кампейн алайҳи ман, дар муқоиса бо наслкушие, ки фаластиниҳо дар маърази он ҳастанд, чизе нест”.
Ин мақоми Созмони Милал ҳамчунин, таъкид кард, ки барои кораш ҳуқуқе дарёфт намекунад ва бо фишор ва муҷозотҳои шахсӣ рӯбарӯ аст, аммо муқовимати худро аз ранҷи фаластиниҳо, ба вижа модарон дар Ғазза идома медиҳад.
Албанезе гуфт, ки ба дунболи илҳомбахшидан ба дигарон барои истодани онҳо дар канори адолат аст.
Вай афзуд: “Изҳороти Жан Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷаи Фаронса, муҳри таъйид бар мавзеи ман дар бораи бархурдории режими Исроил аз “ҳимояти вижа” аст ва беҳтар буд, ки ин вазири фаронсавӣ ба ҷойи маҳкум кардани изҳороти ман, ҷинояти режими Исроилро маҳкум мекард.
Барро пас аз изҳороти рӯзи шанбеи Албанезе дар расонаи “Алҷазира” дар бораи наслкушӣ ва алайҳи режими Исроил дар Давҳа, хостори истеъфои ӯ шуда буд. Вазири фаронсавӣ ин изҳоротро ба ҷониби худ “шармовор ва сазовори сарзаниш” хонда ва онро маҳкум карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад