“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
10 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ ба ҷанги Русия меоянд
Расонаҳо аз қавли созмони иттилоотии Кореяи Ҷанубӣ хабар додаанд, ки Кореяи Шимолӣ 10 ҳазор сарбозонашро барои иштирок дар ҷанги Русия ва Украина ба Федератсияи Русия мефиристад. Тибқи иттилои нашршуда, аллакай 1500 нафар аз сарбозони Кореяи Шимолӣ аз ҷониби афсарони рус омӯзиш мебинанд.
Владимир Зелинский, президенти Украина хабари иштироки 10 ҳазор сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Укринаро оғози ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфтааст. Ӯ таъкид кардааст, ки ирсоли сарбоз ба Русия аз ҷониби ин кишвар тарҳи Украина барои поён додан ба ҷангро ба шикаст рӯ ба рӯ хоҳад кард: “Мо иттилооте дарёфт кардем, ки Кореяи Шимолӣ неруҳо ва афсарони тактикии худро ба Русия фиристодааст. Онҳо дар ҳоли омода кардани 10 ҳазор сарбоз ҳастанд, аммо ин неруҳо ҳанӯз ба Русия интиқол наёфтаанд.”
Президенти Украина чанде қабл дар Аврупо ҳимояти Эрон, Кореяи Шимолӣ ва Чин аз Русияро маҳкум карда буд.
Русия бо Кореяи Шимолӣ аз оғози ҷанги Русия бо Украина равобити сиёсӣ ва низомиашро густариш дод.
Дар шароите, ки дар ҷабҳаҳои ҷанги Украина камбуди неруи инсонӣ қайд шудааст, ворид шудани 10 ҳазор сарбози тозанафас муодилаи ҷангро ба нафъи Русия тағйир хоҳад дод.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт