“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Намояндаи Путин мегӯяд, Толибон пойгоҳи Багромро ба ҳич кас намедиҳанд
Замир Кобулов, намояндаи хоси Президенти Федератсияи Русия дар умури Афғонистон гуфт, вазири корҳои хориҷии Толибон Амирхон Мутаққӣ дар ҷараёни мулоқот бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия таъкид намуд, ки Толибон иҷозаи таъсиси пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар хоки Афғонистонро нахоҳанд дод.
Замир Кобулов дар ҷараёни 7-умин нишасти машваратии “Формати Маскав” дар хусуси Афғонистон гуфт: “Вазири корҳои хориҷии Толибон қотеъона гуфт, ки Афғонистон ва ҳукумати он ба ҳич кишвари хориҷӣ иҷозаи таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар хоки худро нахоҳад дод. Ин мавзуъ Пойгоҳи Багромро низ дар бар мегирад”.
Намояндаи хоси Президенти Русия гуфт, Маскав қасде барои таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар Афғонистонро надорад. Ба гуфтаи ӯ, ин масъала “комилан рад шудааст”.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия низ дар ҳамин нишаст мавқеи кишварашро боз ҳам рӯшантар баён намуда, гуфт, Русия бо ҳар гуна ҳузури низомии хориҷӣ дар Афғонистон ё кишварҳои ҳамсояи он мухолиф аст, зеро чунин иқдом метавонад боиси ноустуворӣ ва муноқишаҳои нав гардад.
Қаблан, Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақомоти Афғонистонро ҳушдор дода буд, ки агар онҳо Пойгоҳи Багромро ба Иёлоти Муттаҳида вогузор накунанд, бо “паёмадҳои ҷиддӣ” рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
“Формати Маскав”, ки соли 2017 таъсис ёфт, кишварҳои Русия, Чин, Эрон, Ҳинд, Покистон ва давлатҳои Осиёи Марказиро барои баррасии вазъи сиёсӣ, амниятӣ ва башардӯстонаи Афғонистон гирд меорад.
Ҷаласаи имсол нахустин бор буд, ки намояндагони расмии Толибон, вазири корҳои хориҷӣ ба ҳайси ширкаткунандаи расмӣ дар он ҳузур ёфт.
Бархе расонаҳои афғонистонӣ навиштанд, ки Толибон талошҳои таъсис додани пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар Афғонистонро рад карда, онро нақзи истиқлолияти миллӣ донистаанд. Аз замони бозгашт ба қудрат дар соли 2021 ҳукумати Толибон талош дорад, то робитаҳои наздиктар бо қудратҳои минтақавӣ, аз ҷумла Русия, Чин ва Эронро дошта бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт