3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:34, Душанбе
24.04.2025 17:53

Дар шаҳри Маскав форуми “Евроосиё” бо ширкати 600 нафар баргузор гардид

Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия форуми ҷаҳонии “Евроосиё – қаламрави арзишҳои анъанавӣ” доир гардид, ки онро Агентии ғайридавлатии “Евроосиё” ба муносибати солгарди таъсисёбиаш баргузор кард.

Ин чорабинии сатҳи баланд беш аз 600 нафар ширкаткунандагонро аз кишварҳои мухталифи минтақаи Евроосиё гирди ҳам овард.

Форум дар Маркази миллии Русия баргузор гардид ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои тиҷоратӣ, соҳаи маорифу фарҳанг ва ташкилотҳои ҷамъиятиро аз 10 кишвари минтақа ба ҳам овард. Дар қатори кишварҳои иштирокчӣ Молдова, Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Абхазия, Сербия ва дигар давлатҳо номбар шуданд.

Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои муҳимми ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва ташаккули платформаи ягонаи ҳамкории кишварҳои Евроосиё мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ширин Абидова, директори Ассотсиатсияи волонтёрони Ӯзбекистон дар аснои суханронӣ таъкид кард, ки ҳаракати волонтёрӣ дар кишвараш бо суръати баланд рушд карда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир нақши муҳим иҷро мекунад. Ӯ гуфт: “ Мо ифтихор дорем, ки дар Ӯзбекистон сол то сол шумораи одамоне, ки ба дигарон беғаразона кумак мерасонанд, зиёд мегардад. Волонтёрон имрӯз ба як неруи мусбати ҷомеа табдил ёфтаанд”.

Дар доираи форум ҷаласаи планерии сатҳи баланд зери унвони “Евроосиё – қаламрави арзишҳои анъанавӣ”, инчунин, панел-дискуссияҳо оид ба масъалаи маориф, хотираи таърихӣ, ҳамкории иттилоотӣ ва соҳибихтёрии технологӣ баргузор гардид. Ҳамзамон, муколамаи байнифарҳангӣ дар хусуси нақши анъанаҳо дар ҷаҳони муосир низ барпо шуд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳимми Форум эълони нахустин ҷоизаи байналмилалии “Евроосиё” буд, ки мақсади он ҳавасмандсозии лоиҳаҳо дар самти дипломатияи мардумӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои байни давлатӣ аст.

Дар як соли ахир ташкилоти “Евроосиё” даҳҳо барномаро дар самти маориф, мубодилаи ҷавонон ва ҳамкории фарҳангӣ амалӣ карда, беш аз 20 ҳазор нафарро фаро гирифтааст. Самтҳои калидии фаъолияти он – пуштибонии донишҷӯён, ташаббусҳои таърихӣ, лоиҳаҳои расонаӣ ва рушди ҳамкориҳои касбӣ аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.