Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Дар самти рақамикунонии соҳаи фарҳанг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Филми “Дов” дар Русия соҳиби ҷоиза шуд
Филми ҳунарии “Дов”, ки аз сӯйи коргардони тоҷик таҳия шудааст, дар Кинофестивали байналмилалии XVI “Северний характер” дар шаҳри Мурманскии Федератсияи Русия соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филм” шуд.
Филми “Дов” дар кинофестивали ёдшуда ҷоизаи 25-умро ба даст овард. Дар ин хусус киностудияи “Довфилм” хабар додааст.
Дар кинофестивали зикршуда 300 филм аз кишварҳои мухталиф пешниҳод шуд, ки аз онҳо 77 филм аз 15 давлат дар номинатсияҳои гуногун интихоб гардид.
Филмҳое, ки дар кинофестивал ғолиб шуданд, дар аксари шаҳрҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус, Арманистон, Норвегия, Шветсия ва Финландия ба намоиш гузошта шудаанд.
Масъулини киностудияи “Довфилм” гуфтаанд, ки филми зикршуда 19-уми ноябр дар кинотеатри “Delphilux” дар доираи Кинофестивали байналмилалии “Оянда аз имрӯз - Осиёи Марказӣ” дар Берлини Олмон низ намоиш дода хоҳад шуд. Дар кинофестивали зикршуда филмро коргардони он Муҳиддини Музаффар муаррифӣ хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?