4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:42, Душанбе
03.07.2026 06:55

Аз рӯйи асари Сотим Улуғзода филмномаи «Фирдавсӣ» омода гардид

Бинобар иттилои журналист Абдураҳмон Раҳмонов, филмномаи филми ҳунарӣ-таърихии «Фирдавсӣ» аз рӯйи асари ҳамноми Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода бо муаллифии Толиб Ғайбуллозода пурра омода шуд.

Иттилоъ дода мешавад, ки филмномаи «Фирдавсӣ» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли бузургдошти Фирдавсӣ» таҳия шуда, ба зиндагӣ, мубориза ва рисолати таърихии Абулқосим Фирдавсӣ дар офариниши шоҳасари ҷовидонаи «Шоҳнома» бахшида шудааст.

“Дар маркази рӯйдодҳои филмнома заҳматҳои бесобиқаи Фирдавсӣ барои таълифи «Шоҳнома», ҳифзи забон, таърих ва ҳувияти миллӣ қарор дорад. Муаллиф бо такя ба воқеаҳои таърихӣ рӯзгори пурмашаққати шоирро аз оғози роҳи эҷодӣ то лаҳзаҳои охири умраш ба тасвир кашидааст. Филм аз даврони таназзули давлати Сомониён оғоз шуда, муҳити сиёсиву иҷтимоии он замон, ормони Фирдавсӣ барои зинда нигоҳ доштани таърихи ниёгон ва саҳми ӯро дар ҳифзи забону фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ инъикос мекунад”, - навиштааст манбаъ.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар мавриди оғози наворбардорӣ ва умуман корҳои филмсозӣ ҳеҷ маълумоте дастрас нест.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо