30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:20, Душанбе
03.05.2025 14:01

Муовини вазири фарҳанги Эрон барои ширкат дар ҷашнвораи театрӣ ба Душанбе омад

Муовини корҳои ҳунарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақсади иштирок дар ҷашнвораи театрҳои Тоҷикистон ва мулоқот бо мақомоти олии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд.

Расонаҳо хабар доданд, ки Нодира Ризоӣ бо мақсади ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дидору мулоқот бо мақомоти олии соҳаи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон ба Душанба омад.

Меҳрдод Ҷавонмард, коршиноси дипломатии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Манучеҳр Шарифзода, муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Ваҳид Фахрии Мӯсавӣ, роҳбари иҷроии ҳайати эронӣ афроде буданд, ки ба дидору истиқболи муовини корҳои ҳунарии Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе омадаанд.

Намоишномаи театрии “Одоби шикори рӯбоҳ”, ки ба қалами Иброҳим Одилниё навишта шуда ва онро Муҳаммад Шокирӣ аз шаҳри Буҷнурди устони Хуросони Шимолӣ коргардонӣ кардааст, дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбии Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Ҷашнвораи байналмилалии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-ум то 7-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва бо даъвати масъулони ҷашнвора намоишномаи “Одоби шикори рӯбоҳ” дар театрҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.