27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Намоиши филми “Моҳӣ дар шаст” дар Маскав
Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” дар доираи 48-умин кинофестивали байналмилалии Маскав ба намоиш гузошта шуд.
Тавре ки аз киностудияи “Довфилм” хабар дода мешавад, филми “Моҳӣ дар шаст” дар доираи барномаи намоишҳои хоси бахши ғайриозмунии кинофестивали 48-уми байналмилалии Маскав намоиш дода шуда, ҳамчунин, аз ҷониби тамошобинон ва киношиносон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Манбаъ меафзояд, ки пас аз намоиш роҳбари эҷодии филм коргардони маъруф Валерий Аҳадов, ҳунарпешаи нақши марказӣ Сайёра Сафарӣ ва наворбардор-таҳиягари дуюми филм Александра Зенкова суханронӣ намуда, аз хотираҳои худ ёдовар шуданд.
Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” аз ҷониби киностудияи “Довфилм” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ширкати телевизионии “Ifilm” ва ширкати тиҷоратии “SIKAAP” -и Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳия шудааст. Нақшҳои марказиро Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ ва Абдулло Абдураҳимзода офаридаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи кумакҳои низомии Амрико ба Исроил шуд
Иддаои Трамп: “Ҷанг бо Теҳрон ба зудӣ поён хоҳад ёфт”
Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем