Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст
Филми эронии “Қиморбоз” дар ҷашвораи “Тоҷи Сомон”-и Душанбе намоиш дода мешавад
Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам
Дар Туркманистон Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ доир шуд
Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ҷамъбаст шуда, ғолибон қадрдонӣ шуданд
Дар кишвар сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» ҷамъбаст шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, «Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба Файзулло Файз ва Дилмурод Масаидов коргардонҳои филми таърихии муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дода шуд.
Манбаъ навиштааст, ки дар маросими ҷамъбасти «Тоҷи Сомон» ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Ҳамин тавр, ҷоиза барои «Беҳтарин филми дебют» ба филми мустанади «Ансор ва Мубин»-и коргардон Ҷамшед Шоев, ҷоизаи «Беҳтарин рассоми таҳиягар» ба Лутфулло Неъматов барои фаъолият дар филми таърихии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ», ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор» ба Наврӯз Саидов барои наворбардории филми «Моҳӣ барои Черчилл»-и коргардонҳо Орзумурод Шарифов ва Нигина Раҷабова, ҷоизаи «Беҳтарин танзим» барои филми «Моҳӣ барои Черчилл»-и коргардонҳо Орзумурод Шарифов ва Нигина Раҷабова, ҷоизаи «Беҳтарин филми кӯтоҳ» ба филми «Нафас»-и коргардон Рустам Шоазимов, ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ» ба филми «Хутали қадим»-и Рустам Сатторзода, ҷоизаи «Беҳтарин филми тасвирӣ» ба филми «Пайғом»-и Таҳмина Муминова, ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона» ба Амина Ҳафизова барои нақшофарӣ дар филми «Фосилаҳо»-и Шарифбек Қосимов, ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба Пӯлод Нозимов барои иҷрои нақш дар филми «Моҳӣ барои Черчилл», ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» ба Абдулҳай Зокиров барои филми «Решаҳо», ҷоизаи «Беҳтарин филми муштарак» ба филми «Хуршеду Моҳ»-и коргардон Манзаралӣ Шералӣ ва ширкати ZARDIL SINEMA, ҷоизаи «Беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда» ба филми «Дузди офтоб»-и Комил Сафаров, ҷоизаи «Беҳтарин филми бадеӣ» ба филми «Сабр»-и коргардон Зафари Валӣ, ҷоизаи «Беҳтарин филми бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва тасвирӣ бахшида ба 35–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тараннуми Истиқлол»» ба филми мустанади «Пешво аз қалби мардум»-и коргардон Носир Раҳмон, ҷоизаи махсуси ҳакамон ба филми «Ошёни меҳр»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил ва ҷоизаи махсус барои рушди синамо ба устодон ва донишҷӯёни бахши сеюми тоҷикии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи ба номи С. А. Герасимови шаҳри Москва (ВГИК) тақдим гардид.
Афзуда мешавад, ки имсол дар Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» зиёда аз 100 филм, ки дар солҳои 2024-2026 таҳия гардидаанд, иштирок карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Зиёда аз 4 миллион сомонӣ. Директори ҶДММ «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
255 евро. Криштиану Роналду ҷарима ва муддате аз футбол маҳрум карда шуд
Сипоҳи посдорон мегӯяд ду нафткаш дар тангаи Ҳурмуз оташ гирифт