30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:19, Душанбе
16.08.2025 10:01

Гуландом Сафаралиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон даргузашт

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гуландом Сафаралиева дар синни 81-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Ҳунарманди хушноми тоҷик Гуландом Сафаралиева, ки дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ зиёда аз 40 сол фаъолият кардааст, бо иҷрои нақшҳои мондагораш ба ёдҳо мемонад.

Гуландом Сафаралиева аз зумраи ҳунармандони ангуштшуморе буд, ки ҳам дар намоишҳои фоҷиавӣ ва ҳам мазҳакавӣ бо маҳорати воло нақш мебозид.  Номбурда дар намоишҳои “Фоҷиаҳои хурд”, “Ҳуррият”, “Хизматгори ду хоҷа”, “Ваня-тағо”, “Эзоп”, “Ҳамлет”, “Шоҳ Лир”, “Тӯй”, “Имтиҳон”, “Бой ва хидматгор”, Интизорӣ”, “Охирин арӯси амиралмуъминин”, “Афсонаҳои мӯйсафед”, “Эдип”,  “Нодира”, “Зебунисо” ва ғайраҳо бо маҳорати баланд нақш офарида, муҳаббати мардумро ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем, ки Гуландом Сафаралиева 25-уми июни соли 1944 дар деҳаи Дошманди ноҳияи Кӯлоб таввалуд шудааст. Соли 1964 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст. Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ беш аз чор даҳсола ба сифати ҳунарпеша заҳмат кашидааст. Зиёда аз ҳафтод нақши драмавӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакавӣ бозидааст. Барои хизматҳои арзанда дар рушди санъати театри тоҷик Гуландом Сафаралиева соли 1989 ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1998 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.