Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Дар самти рақамикунонии соҳаи фарҳанг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Иштироки театри «Лӯхтак»-и Душанбе дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак
Аз 31-уми май то 8-ум июни соли равон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Перекресток» («Чорсу») баргузор гардид.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Манбаъ афзудааст, ки гурӯҳи эҷодии Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе дар фестивали мазкур бо намоиши «Наврӯзи аҷам» ҳунар ва фарҳанги миллии тоҷиконро муаррифӣ намуданд.
“Иштирок дар ин фестивали бонуфуз барои муаррифии санъати театрии лӯхтаки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва мубодилаи таҷриба бо театрҳои кишварҳои гуногун имконияти мусоид фароҳам меорад”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?