11 Ноябр 2026,
чоршанбе, 11:39, Душанбе
10.03.2026 07:45

Аз тоҷик будан ва нақши зани тоҷикро бозиданаш ифтихор дошт. Ёде аз Тоҷинисо Саидова

Имрӯз, 9-уми март Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тоҷинисо Саидова дар cинни 73-солагӣ даргузашт.

Мавсуф аз ҷумлаи беҳтарин ва номдортарин ҳунармандони тоҷик буд ва то охири умр дар Муассисаи давлатии театри намунавӣ-минётурии «Оина» кор мекард. Тоҷинисо Саидова дар баробари ҳамчун ҳунарпеша фаъолият кардан, ба ҳунармандони ҷавони театри мазкур нозукиҳои пешаи актёриро меомӯзонд ва кӯшиш мекард, ки ҳунармандони насли нав ҷойгузини насли калонсол гарданд.

ТАБИБШАВАНДАЕ, КИ ҲУНАРПЕША ШУД

Бо шодравон Тоҷинисо Саидова борҳо суҳбат доштем ва дар яке аз суҳбатҳо ба пешаи актёрӣ қадам монданашро чунин шарҳ дода буд: “Ман аз даврони мактабӣ мехостам ба дунёи ҳунар бипайвандам, вале падару модарам пас аз хатми синфи 8-ум маро ба омӯзишгоҳи тиббӣ роҳнамоӣ карданд. Умед доштанд, ки дар соҳаи тиб таҳсил мекунам ва духтур мешавам, аммо насиб набудааст. Вақти таҳсил дар омӯзишгоҳ, ба дастаи ҳаваскорон аъзо шудам ва дубора шавқу ҳаваси ҳунарпеша шудан дар дилам пайдо шуд. Ҳамон замон коргардони барҷастаи синамои тоҷик Тоҳир Собиров барои филми «Хати парвоз» гурӯҳи ҳаваскорони моро интихоб кард ва мо дар филми мазкур дар як лаҳза иштирок кардем. Сипас, бо роҳнамоии Тоҳир Собиров имтиҳонҳои дохилшавиро ба Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва (ВГИК) супурдам. Аҳли оила зид баромаданд. Кор то ҷое расид, ки рӯзе дар ҳавлиамон бо садои баланд гиря карда, падару модарамро розӣ карданӣ будам. Дар ҳамон вақт падари Асланшоҳ Раҳматуллоев омада падарамро ором карданд ва баъдан он кас розӣ шуданд, ки ман барои таҳсил ва ҳунарманд шудан ба ВГИК равам. Ҳамин тавр, донишҷӯ шудам ва нозукиҳои ин касбро аз беҳтарин устодон, аз ҷумла Сергей Бондарчук омӯхтам”.

Бояд гуфт, ки Тоҷинисо Саидова замоне ки дар ВГИК таҳсил мекард, бо ҳамкурси худ Мақсудшо Иматшоев дил баст ва пас аз хатми мактаби оливу ба ватан баргаштан оиладор шуд.

ҚУВВАИ ҲУНАР

Дар яке аз суҳбатҳо аз Тоҷинисо Саидова дар мавриди фазову муҳити театр пурсида будем. Он кас бо таассуф чунин баён дошта буд: “Мутаассифона, ҳоло таваҷҷуҳи мардум ба театр кам шудааст. Мефаҳмам, ки талаботу завқи тамошобин дигар гаштааст, аммо, фикр мекунам, аҳли ҳунар бояд роҳе ёфта, боз дар дилҳо ҷой гиранд. Рисолаташонро хубтару беҳтар иҷро кунанд ва ҷомеаро ба корҳои нек талқин намоянд”.

Ҳамчунин, пурсида будем, ки модоме, ки таваҷҷуҳ кам аст, чаро бо вуҷуди ба нафақа баромадан низ ба театр меояд ва кор мекунад? Посухаш одӣ набуд, балки сухане гуфт, ки ҳар кас гуфта наметавонад. Аниқтараш, шахсе гуфта метавонад, ки нисбат ба касб ва ҷойи кор содиқ аст ва болотару пештар аз ҳама иҷрои рисолату вазифаи касбиашро мегузорад. “Сабаби тарки кор накарданам, меҳр ба театр аст. Меҳри нимасра, меҳре, ки ҳеҷ гоҳ аз дилам дур намешавад. Ҳатто замони нооромиҳо, замоне ки барои берун баромадан ҳарос доштем, ин қувва маро маҷбур мекард, ки дар саҳна бошам. Ҳеҷ мушкилии зиндагӣ миёни ману саҳнаи театру синамо фосила гузошта  наметавонад ва ҳамин қувва маро ба театр меорад. Бе кори эҷодӣ зиндагӣ карда наметавонам”.

ҲУНАРРО ХОР НАКАРД

Бояд таъкид кард, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тоҷинисо Саидова дар синамои тоҷик яке аз ҳунармандоне буд, ки зиёдтар нақши зани одии тоҷикро бозидааст. Самимиву заминӣ нақш меофарид. Дар симои қаҳрамонҳои ӯ ҳар кас метавонад модару бибии худро бубинад.

Мавсуф дар ин маврид чунин андешаронӣ карда буд: “Нахуст, ифтихор мекунам, ки тоҷикам ва дар муҳити тоҷикона ба воя расидаам. Ёдам ҳаст, ки замони наврасиву ҷавониам, ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ доштем ва боқимонда ҳама русӣ буданд. Аҳли оила фақат барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро тамошо карда, моро талқин мекарданд, ки дигар шабакаҳоро тамошо накунам. Аз модарам тоҷикият ва шарму ҳаёи тоҷикиро мерос гирифтаам, ки то охир бо ман аст. Ҳамчунин, ифтихор мекунам, ки то имрӯз чанд нақше бозидаам, ки воқеан ҳам симои зани тоҷикро нишон медиҳанд. Аммо боз медонам, ки нақши зани тоҷикро бозидан, агар аз як тараф ифтихор бошад, пас, бешубҳа аз ҷониби дигар масъулияти бузург аст”.

Ҳарчанд, Тоҷинисо Саидова тамоми умрашро ба театр бахшид, вале бояд иқрор шуд, ки ӯро бештар мардум аз филмҳои «Марди мутааллиқи ду зан», «Муҷассамаи ишқ» ва ғайраҳо  шинохтаан.

Ҳамчунин, дар масъалаи даъват шуданаш ба филмҳои наве, ки коргардонҳои ҷавони ҳаваскор барои шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия мекунанд, гуфтугӯ доштем ва чунин посух дода буд: “Бачаҳои ҷавон борҳо ба ман пешниҳоди ҳамкорӣ карданд, вале рад кардам. Барои ман мундариҷаи филмнома, раванди кор ва сифати филм хеле муҳим аст”.

ИФТИХОР ДОШТ

Дар яке аз суҳбатҳоямон сухан аз пайраҳои тайкарда ва ифтихору пушаймонӣ рафт, ки мавсуф чунин гуфт: “Баъзан пешорӯям нақшҳои офаридаам меоянд, кам ҳам бошанд, чанд нақше офаридаам, ки ба дили мардум наздиканд. Пешорӯям фарзандони хубам меоянд, ки аз соли 1993 инҷониб танҳо худам ба воя расондаам ва тарбияи хуб додаам. Пешорӯям ифтихоре падид меояд, ки бо бузургтарин ҳунармандон, аз ҷумла Ато Муҳаммадҷонов, Туҳфа Фозилова, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Марям Исоева ва дигарон кор кардаам.

ДАРИЧАИ ОШНОЙ

Тоҷинисо Саидова Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 11-уми октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм карда, дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Лоҳутӣ (1975-1991) фаъолият карда, аз соли 1991 то охири умр дар Муассисаи давлатии театри намунавӣ-минётурии «Оина» кор мекард.

Дар намоишҳои «Интихоби домод», «Хостгорӣ», «Исёни арӯсон», «Садо аз тобут», «Кафшҳои Абулқосим», «Охирин арӯси амиралмуъминин», «Бахтатро бедор кун», «Эдип», «Ҷияни хира», «Имтиҳон», «Лаку Пак» ва ғайраҳо нақш бозидааст. Дар даҳҳо теленовеллаи «Оина», бисёр спектаклҳои телевизионӣ («Дугонаҳо ба театр мераванд», «Зани оҳанин») нақшофарӣ кардааст. Ҳамчунин, дар филмҳои бадеии «Хатти парвоз», «Дар ҷарӣ» (2 қисм), «Қӯшатир», «Бозавқтар нигоҳ кун» (3 қисм), «Марди мутааллиқи ду зан», «Муҷассамаи ишқ», «Чашмаи хостаҳо» ҳунарнамоӣ намудааст.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

Хатти хабарҳо

11.11.2026 11:15

Котиби Шурои амнияти Эрон: “Посухи Амрико фиребкорона аст. Бо Вашингтон музокира надорем

Муҳсин Ризоӣ, китоби Шурои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ки посухи Иёлоти Муттаҳида ба ҳафт шарти пешниҳоднамудаи Теҳрон қонеъкунанда нест. Ӯ гуфт, то замони иҷрои талабҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд ва ҳоло миёни ду кишвар ҳеч гуна гуфтугӯ идома надорад.
11.11.2026 11:01

Путин: “Мавзуи иқтисод ва амният дар меҳвари нишасти СААД қарор мегирад”

Владимир Путин, раисҷумҳури Федератсияи Русия гуфт, ки нишасти навбатии Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) на фақат ба масъалаҳои амниятӣ, балки ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаи кишварҳои узв низ бахшида мешавад.
11.11.2026 10:54

Дар Москва ҷанбаҳои муҳимми амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид

10-уми ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок кард.
11.11.2026 09:12

Вазири молияи Амрико аз тарси таҳдиди Эрон ба пойгоҳи низомӣ паноҳ гирифт

Скотт Бессант, вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъди дарёфти таҳдидҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тарс манзили зисташ дар Вашингтонро тарк кард. Ӯро ба як пойгоҳи низомӣ интиқол додаанд.
11.11.2026 09:05

Саршумори бузи кӯҳии морхӯр дар Тоҷикистон дар 30 сол 10 баробар зиёд шудааст

Саршумори бузи нодири кӯҳии морхӯр ё пармашох дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се даҳсолаи ахир дар натиҷаи амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинони маҳаллӣ 10 баробар зиёд шудааст. Имрӯз саршумори он дар Тоҷикистон аз 7 ҳазор сар гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки дар солҳои 1990 саршумори он 500 сар шумурда мешуд.
11.11.2026 08:54

71 фоизи амрикоиҳо дар як назарсанҷӣ хостори поёни ҷанги Эрон шуданд

Натиҷаҳои як назарсанҷии нави “Ройтерз-Ипсос” (Reuters/Ipsos) нишон медиҳанд, ки аксарияти шаҳрвандони ИМА аз Конгресси ин кишвар талаб доранд барои хотима додан ба ҷанг бо Эрон чора андешад.
11.11.2026 08:00

Ироқчӣ ба Трамп: Ҷанг ва таҳримҳо моро ба созиш водор намекунанд

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳамлаҳои низомиву фишорҳои иқтисодӣ наметавонад Теҳронро ба қабули шартҳои Вашингтон водор кунад. Ӯ аз ҳукумати Доналд Трамп хост, ки барои ҳалли низоъ ба ҷои таҳдид аз роҳи дипломатия истифода кунад.
11.11.2026 07:43

Тоҷикистон дар Конфронси Доҳа ояндаи алоқаи ҷаҳонӣ ва рушди технологияҳои рақамиро баррасӣ кард

Намояндаи Тоҷикистон дар шаҳри Доҳаи Қатар дар Конфронси ваколатдорони Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) ширкат намуда, масъалаи ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи алоқаро баррасӣ кард.
10.11.2026 18:22

Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?

Сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ имрӯз, 10-юми ноябр бо сафари расмӣ барои ширкат дар нишасти ин созмон ба шаҳри Маскав сафар карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигари кишварҳои узви ин созмон аллакай озими Русия шуданд.
10.11.2026 18:10

Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард

Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи 10-юми ноябр дар Кобул бо Вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон Амирхон Муттақӣ мулоқот намуда, дар баробари масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, вазъияти мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуд.
10.11.2026 15:53

Сафари кории Президенти кишвар ба Федератсияи Русия

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.