30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:21, Душанбе
07.03.2025 13:06

Бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба. Филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” таҳия мегардад

"Тоҷикфилм" банаворгирии филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”-ро оғоз кард, ки ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст.

Тавре аз ин муассиса хабар медиҳанд, филми мазкур дар баробари ба тасвир кашидани қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик дар майдони набард, инчунин, нақши мардуми тоҷикро дар ақибгоҳ ба намоиш мегузорад.

Гуфта мешавад, ки филм бар асоси ҳикояи ҳамноми нависанда Холмурод Шарифов таҳия шуда, айни замон дар манзараҳои зебои Тоҷикистон наворбардорӣ мегардад.

Зикр мегардад, ки филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” бо сабку услуби хоси худ, дар баробари рӯнамоии саҳнаҳои таърихӣ, саҳнаҳои пурҷаззоб ва ҳаяҷонангезро низ фаро мегирад. Сужаи филм воқеаи таърихиро дар бар мегирад.

Иттилоъ дода мешавад, ки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар доираи “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”-ро таҳия мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.