27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Ду намоиши дидании Театри ҷавонон дар «Ҳафтаи намоишномаҳои камеравӣ»
Тибқи иттилои дастрас, дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рӯзҳои 13-ум, 14-ум ва 16-уми феврал «Ҳафтаи намоишномаҳои камеравӣ» баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки 13-ум ва 14-уми феврал намоиши «Актриса» аз рӯи асари Карина Шадимова, бо коргардонии Қамариддин Мирзоев ва ҳунарнамоии ҳушнарпешаи маъруф Зарина Бадалзода ба саҳна гузошта мешавад.
Тибқи иттилои масъулини Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, моноспектакли «Актриса» дар 9-умин Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Фазои ҷавонон» (шаҳри Сочи, Русия, 2018) дар бахши «PROMONO» соҳиби ҷоизаҳои «Беҳтарин ороиши саҳна», «Ҳалли пластикии намоиш», «Беҳтарин нақши занона» гашта, инчунин, сазовори дипломҳои махсус «Барои коргардонӣ ва ҷасорат» (Қ. Мирзоев) ва «Барои ғайрат ва илҳоми эҷодӣ дар касб» (З. Бадалзода) мебошад.
Ҳамчунин, 16-уми феврал намоиши «Шабе дур аз Ватан» дар коргардонии Нозим Меликов ва нақшофарии Абдумумин Шарифӣ ва Моҳпайкар Ёрова манзури алоқамандони театр мегардад.
Намоиши «Шабе дур аз Ватан» дорои як қатор ҷоизаҳо мебошад. Аз ҷумла, «Ҷило-2014» дар номинатсияи «Беҳтарин намоиши сол» барои саҳми назаррас дар рушди фарҳанги форсизабонони дунё, «Парасту-2011» ҷойи якум ва ҷоизаи «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона», Ҷашнвораи байналмилалии «Тунгышбай Ал-Тарази приглашает в Тараз» (Қазоқистон, 2015) «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона», 6-умин ҷашнвора-озмуни байналмиллалии театрӣ “Қазоқистон қалби Осиё” ҷоизаи “Беҳтарин иҷрои дуэти ҳунармандӣ (актёрӣ)” (А.Шарифӣ ва М.Ёрова) ва ғайраҳо.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи кумакҳои низомии Амрико ба Исроил шуд
Иддаои Трамп: “Ҷанг бо Теҳрон ба зудӣ поён хоҳад ёфт”
Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем