30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:21, Душанбе
16.02.2026 13:47

«Додараки фариштаҳо» ва «Сарчашма» дар Синамоҷашнвораи «Мартовский КиноКот» иштирок мекунанд

Тавре ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад, филмҳои «Додараки фариштаҳо» ва «Сарчашма» дар VII-умин Синамоҷашнвораи байналмилалии «Мартовский КиноКот» иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, ки филми кӯтоҳи «Додараки фариштаҳо» ва «Сарчашма» истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм мебошанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки VII-умин Синамоҷашнвораи байналмилалии «Мартовский КиноКот» дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия доир гардида, он яке аз майдонҳои эҷодии байналмилалӣ барои муаррифии филмҳои кӯтоҳ ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола бо иштироки коргардонҳо ва филмсозон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон доир мешавад.

“Иштироки филмҳои «Додараки фариштаҳо» ва «Сарчашма» дар ин фестивал имконияти хубест барои муаррифии синамои миллии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои дигар”, - зикр шудааст дар иттилоияи “Тоҷикфилм”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.