30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:19, Душанбе
26.05.2025 14:03

Мунира Дадаева: “Дар театр худамро хушбахт ҳис мекунам”

17-уми марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз Русия истода, дар санги асос гузоштани бинои нави Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский иштирок карданд ва дар назар аст, ки то моҳи декабри соли 2026 он ба анҷом бирасад.

Дар ин росто, Dialog.tj бо директори Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский ва яке аз ҳунармандони маъруфу маҳбуби кишвар Мунира Дадаева суҳбати махсус анҷом дод, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

- Муаллима, нахуст бигӯед, ки хабари оғози сохтмони бинои театрро, ки аз ҷониби ду президент санги асос гузошта шуд, чӣ гуна қабул кардед?

- Бо хурсандӣ. Умед дорем, ки фаъолиятамонро дар бинои нав боз ҳам беҳтару хубтар мекунем.

- Солҳост, ки театри шумо бино надорад ва дар бинои Театри Лоҳутӣ кор мекунед. Ин мушкил аст, аммо баръакс кормандони театр фаъолияти хуб нишон дода истодаанд. Чӣ сабаб шуд, ки шумо бо вуҷуди бинои алоҳида надоштан, дилшикаста нашудед ва кор кардед?

- Барои он ки ҳайати кории театри мо ба касбу кору ҷойи корашон содиқанд, ин кору ин саҳнаро дӯст медоранд. Алалхусус, саркоргардони театр Хуршед Мустафоев тавонист, ки дар ин давра намоишҳои хубу диданӣ ба саҳна гузорад ва боз ҳам ҳунармандону тамошобинонро наздиктар намояд.

- Бигӯед, ки ҳоло дар театр чӣ навигарист, алоқамандони театри шуморо кадом намоиши наве интизор аст?

- Ба наздикӣ намоиши кӯдаконаи “Золотая Антилопа” дар таҳияи Некқадам Шоназаров доир шуд, ки аз ҷумлаи корҳои нави театрамон ба ҳисоб меравад. Ҳама хоҳишмандон метавонанд аз ин намоиши хубу диданӣ ғизои маънавӣ бигиранд.

- Чаро шумо бо журналистон кам ҳамсуҳбат мешавед, оё шуморо хафа кардаанд ё сабаби дигар дорад?

- Ман суҳбат мекардам, вале мутаассифона, бархеҳо суханҳоямро ба мардум дигаргуна расонданд, ки бароям нохушоянд буд.

- Аз соли 2015 инҷониб шумо директори театр ҳастед. Оё вазифа ба кори эҷодӣ таъсири манфӣ намерасонад?

- Як сухани маъмул ҳаст, ки вазифа ҳунармандро аз эҷод кардан канор мемонад, вале тӯли ин солҳо ман одат кардаам ва таъсири манфиашро надидаам.

- Солҳост, ки студияи назди Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский фаъол аст ва шогирдони он имрӯз аллакай ҳунарпешаҳои шинохтаанд, ки дар филмҳо нақш меофаранд. Бигӯед, ки ҳоло фаъолияти студия чӣ гуна аст ва оё имрӯз ҳам барои омода кардани ҳунарпешаҳо хизмат мекунад?

- Студия фаъол аст, лекин солҳои охир ҷавонон фаъолияташонро давом намедиҳанд. Сабаб он аст, ки онҳо дар ин ҷо ояндаи худро намебинанд.

- Дар Театр Маяковский ҳунармандони хеле машҳур кор мекунанд. Оё барои шумо ҳамчун директор мушкил нест бо онҳо кор кардан ё баръакс осон аст?

- Бо ҳунармандони театр, яъне ҳамкоронамон кор кардан хеле осон аст, мо ҳамеша ҳамфикр ҳастем.

- Шумо ҳунарманде ҳастед, ки хеле зиёд таҳсил кардаед: ду сол студияи театрӣ бо роҳбарии Н.А Ширяев, соли 1990 Донишкадаи санъат (ихтисоси ҳунарпеша), панҷ сол студияи театрии назди Театри Маяковский, 4 сол Донишкадаи санъат (ихтисоси режиссор). Бигӯед, ки таҳсил барои ҳунарманд то кадом андоза муҳим аст?

- Таҳсили расмӣ гирифтан барои фаҳмиши кори театр хеле муҳим аст. Ва боз заҳмату меҳнати амалӣ дар саҳна аз он ҳам муҳимтар мебошад.

- Ҳам ҳунарпеша ва ҳам режиссор ҳастед. Чаро маҳз театрро интихоб кардед ва зиёда аз 30 сол мешавад, ки дар як театр кор мекунед?

- Ман аз 4-солагиам дар саҳнаам ва дар ҳамин театр ба воя расидаам. Ба ҷуз интихоби театр дигар интихобе надоштам ва худамро дар театр хушбахт ҳис мекунам.

- Оё боре шудааст, ки аз кори театр хаста шуда бошед ва фикри тарки кор дар саратон пайдо шуда бошад?

- Баъзе вақтҳое буд, ки чунин фикр дар сарам пайдо шуд, вале ҳеҷ тасмими ҷиддӣ нагирифтам, зеро ман ин даргоҳро дӯст медорам ва вафодори саҳнаам.

- Театр барои шумо чист: саҳнаи кор ё макони зиндагӣ?

- Театр бароям зиндагист.

- Шуморо мардуми тоҷик бештар бо филми “Муҳаббат” шинохтанд ва дӯст доштанд. Бигӯед, ки чаро дигар дар филмҳо иштирок намекунед ва оё нақшаи дар ояндаи наздик дар филм ё силсилафилмҳо нақш офаридандро доред?

- Дар аввал бояд бигӯям, ки ман ҳунарпешаи театр ҳастам, на кино. Сипас, ҳоло бароям кор дар театр хеле хуб аст, чунки ин ҷо ҳама чиз зинда аст.

- Дар миёни театрҳои кишвар Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский аз ҷумлаи беҳтарин театрҳоест, ки тамошобинон хеле зиёд ба намоишҳояш мераванд. Бигӯед, ки чӣ гуна шумо ба ин муваффақият расидед?

- Бо меҳнати пурсамар ва истеъдоди ҳайати кории театр.

- Вақте ки ба театр тамошобин кам ояд, ин айби мардум аст ё айби ҳунармандон?

- Фикр мекунам, бештар айби мардум аст. Пеш аз ҳама маданияти ба театр рафтанро бояд волидон ба кӯдакон омӯзонанд.

- Имсол театри шумо дар фестивали “Парасту” ҷоиза нагирифт, чаро?

- Хуб мешавад, ки ин суолро аз ҳакамони фестивали “Парасту” пурсед. Ба фикри ман мо хубтаринем. Моро бе ҷоиза ҳам мардум мешиносанд ва дӯст медоранд.

- Бо назардошти рушди технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ, оё театр метавонад ҳанӯз ҳам таъсиргузор боқӣ монад?

- Бале, таъсиррасон мемонад, зеро театр ҷоест, ки ҳунармандон бо тамошобинон гуфтугӯи зинда ва бевосита мекунанд.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.