30 Сентябр 2026,
чоршанбе, 10:20, Душанбе
12.03.2026 18:27

Файзулло Файзов: Кор дар филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бароям мисли донишгоҳе буд

Моҳи феврали соли равон наворбардории филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷовӣ ва Навоӣ” ба анҷом расид. Ҳанӯз аз соли 2021 “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм” муваззаф шуда буданд, ки доир ба Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ филми таърихие таҳия кунанд. Ҳамин тавр, гурӯҳҳои корӣ аз ду кишвар болои ин лоиҳаи таърихӣ соли шашум аст, ки кор мекунанд. 

Dialog.tj бо коргардони филми мазкур Файзулло Файзов, ки аз ҷониби Тоҷикистон интихоб шудааст, доир ба паҳлуҳои гуногуни он суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

ЯК ПОРАИ ҶАВОНӢ ДАР ЛОИҲАИ ТАЪРИХӢ

- Мехоҳам, суҳбатро аз навиштаи шумо, ки пас аз анҷоми наворбардории филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар Фейсбук нашр кардед, оғоз кунем. Он ҷо гуфтаед, ки "пораи ҷавонии худро ба ин филм бахшидам". Лутфан бигӯед, ки ҳамааш чӣ гуна оғоз шуд ва чаро кор болои ин филм 6 сол тӯл кашид?

- Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки ин гуфтаи ман гила не, балки шодиву ифтихор буд. Як пораи ҷавонии худро ба кори арзишманд бахшидам. Вақте ки як кор тамом мешавад, одамони эҷодӣ дарҳол таассуроташонро менависанд ва агар пас аз ду соат ба навиштаашон назар кунанд, шояд ба хулосае биёянд, ки ҷумлае зиёдатӣ гуфтаанд,  ҷумлаеро нанавиштаанд, фалон ҷумларо ба тарзи дигар гуфтан мумкин буд ва ғайраҳо. Аммо ман чизеро тағйир намедиҳам, зеро он навишта эҳсоси ҳамон лаҳза аст ва бояд ҳамон гуна бимонад.

Ҳамааш аз он шуруъ шуд, ки пас аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ва боз шудани марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вохӯриҳои аввали сарони давлатҳо пешниҳоде шуд, ки ба хотири Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ филми таърихие сохта шавад. Ҳамин тавр, ба “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм” супориш дода шуд, ки аз пайи сохтани филм шаванд ва соли 2021 кор оғоз гардид. Аз ҷониби “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм” гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд, ки иборат аз олимон, таърихшиносон, адабиётшиносон сенаристу коргардону ҳунармандон буданд. Се соли аввал дар маслиҳатҳо, омӯзишҳо, табодули фикрҳо ва навиштани филмнома сарф шуд. Ду соли дигар дар омодагӣ, аз ҷумла сохтани декоратсияҳо ва омода кардани либосҳо рафт ва 1-уми августи соли 2025 наворбардорӣ дар Душанбе оғоз шуд.

Ҳамчун коргардон аз ҷониби Тоҷикистон интихоб шудани ман бисёр сода шуд. Продюсери филм Маҳмадсаид Шоҳиён ва филмноманавис Сафар Ҳақдод ба хулосае меоянд, ки ман ба ҳайси коргардон дар ин лоиҳа кор кунам. Бароям ин лоиҳа хеле шавқовар буд ва бидуни дудилагӣ қабул кардам. Шаш соле, ки ман бо таърихшиносону адабиётшиносон, ҳамкасбони ӯзбек ва умуман муҳити муштарак рӯйи лоиҳаи мазкур кор кардам, ба боварӣ гуфта метавонам, ки бароям мисли донишгоҳе буд.

- То ҷое медонем, аз ҷониби Ӯзбекистон чанд маротиба коргардони филми мазкурро иваз шуд, дар тарафи мо чунин гапу гузор набуд?

- Соли 2021 аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун коргардон ман интихоб шудаму аз ҷониби Ӯзбекистон Фурқат Усмонов, вале соли 2022 ба ҷойи ӯ Юсуф Розиқов таъин гардид ва пас аз он Дилмурод Масаидов интихоб шуд, ки бо ӯ филмро наворбардорӣ кардем. Дар ҳузури ман масъалаи иваз кардани коргардони ҷониби худамон баррасӣ нашуд.

- Иваз шудани коргардонҳо аз ҷониби Ӯзбекистон барои шумо мушкил нашуд?

- Не, мушкили зиёд нашуд. Аслан, вақте ки ду коргардони аввал буданд, марлиҳаи сенариянависӣ буд ва бештар мо бо муаллифон баҳс мекардем. Ман бо онҳо зиёд шинос набудам ва ҳатто нишасту гуфтугӯҳои зиёд надоштам. Бо Дилмурод Масаидов пурра наворбардорӣ кардем ва ҳар нофаҳмиву баҳсҳое, ки дар миён пайдо мешуданд, кӯшиш мекардем, ки дар алоҳидагӣ ҳал кунем, сипас, ба хулосаи ниҳоӣ омада, корро давом медодем.

- Шумо дар 32-солагӣ масъулияти коргардонии ин филми таърихиро бар дӯш гирифтед. Маълум аст, ки масъулин ба шумо бовар карданд, оё худатон боварӣ доштед?

- Наметавонам бигӯям, ки сад дар сад боварӣ доштам, зеро баъзан қадами баъдӣ бароям норӯшан набуд. Норӯшан ба маъное, ки дар филм ду гурӯҳ кор мекард ва барои қадаме ба пеш гузоштан ҳатман фикру мавқеи ҷониби дигарро бояд мефаҳмидем ва фикр мекунам, ҳамин норӯшанӣ аз он ҷониб ҳам буд. Мо ҳеҷ гоҳ танҳо тасмим намегирифтем ва ҳамеша бо ҳам ба хулосае меомадем.

НАХУСТНАМОИШ ДАР ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

- Бигӯед, ки ҳоло раванди омодашавии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” чӣ гуна аст ва оё то ҷашни Наврӯз нахустнамоиш мешавад?

- Танзими аввалини филм тамом шуд, ба қавле варианти сиёҳнависаш дар ҳаҷми қариб панҷ соат омода гардид. Акнун мо бояд аз панҷ соат филмро дуюним соат кунем. Дар ҷашни Наврӯз вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нақша аст ва пешниҳод шуд, ки дар ҳаҷми 10-15 дақиқа муҳтавои асосии филмро омода карда, барои шиносоӣ нишон диҳем. Мо дар ҳаҷми 14 дақиқа наворе омада карда, пешниҳод кардем. Он ҳоло дар баррасӣ аст ва шояд боз кӯтоҳ кунем.  Пас аз ҷашни Наврӯз мо филмро кӯтоҳ мекунем ва пасон корҳои постпродакшн, аз ҷумла оҳангсозӣ, танзими овоз, графика ва ғайраҳо иҷро карда мешаванд. Яке аз корҳое, ки вақти зиёди моро мегирад, ин сохтани графикаҳост. Масалан, мо дар Ҳирот сабт накардем, вале бояд бо графика як нақшаи умумии калон бисозем, ки вақти зиёд мегирад. Хулоса, тибқи нақша дар ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ филмро пурра намоиш медиҳем.

- Панҷ соатро чӣ гуна дар 14 дақиқа ғунҷонидед, муҳтаво гум нашуд?

- Мо танҳо хатти асосии достонро, ки аз ҷое оғозу ҷойи дигар тамом мешавад, гирифтем. Ҳамин тавр, ровӣ ҷараёни достонро нақл мекунаду саҳнаҳои мувофиқ нишон дода мешаванд.

- Гуфтед, ки филм панҷ соат шуд ва бояд дуюним соат кунед. Чаро бояд филм дуюним соат бошад, оё ба меҳнатҳои шабонарӯзӣ дилатон намесӯзад?

- Тибқи қарордоди “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм” филм бояд дуюним соат шавад. Аслан, пас аз танзими аввалин ҳама филмҳо чунин зиёд мешаванд ва пасон кӯтоҳ мекунем. Мо ҳеҷ вақт саҳнаҳоро ба пуррагӣ қайчӣ намекунем, балки тавре мекунем, ки гапҳои зиёдатӣ ва хастакунанда набошанд. Ҳамчунин, бояд бигӯям, ки эҳтимол дорад шакли панҷсоатаи филм силсилафилм шавад, яъне иборат аз 10 қисми 30 дақиқаӣ. Бештар дар кишварҳои хориҷӣ телевизионҳо аз созандагони филмҳои таърихӣ шакли пурраи филмҳоро мехаранд ва дар баробари он ки муаллифон ду-дуюним соат филмро пешниҳод мекунанд, онҳо шакли пурраашро силсилафилм мекунанд. Аммо то ҳол мо фармоише аз телевизионҳо надорем.

- Филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” аз 1-уми августи соли 2025 то 5-уми феврали соли 2026 наворбардорӣ шуд. Оё мувофиқи нақша дар ҳамин муддат бояд кор тамом мешуд ё таъхирмонӣ шуд?

- Аслан, аз давраи омодагӣ сар карда то наворбардорӣ ҳолатҳое шуд, ки корамон ба таърих афтод. Масъалаи наворбардорӣ бошад, пас аз он ки дар Тоҷикистон кори наворбардорӣ тамом шуд, дар Бухоро сабт кардем. Тибқи нақша бояд дар павилонҳои “Ӯзбекфилм” дар Тошканд сабт мекардем, вале бо сабабе, ки он ҷо банд буд, наздикӣ дуюним моҳ мунтазир шудем. Яъне чунин таърихмонӣ доштем.  

- Филм бо ду забон наворбардорӣ шуд, оё дар майдони филмбардорӣ кор душвор нашуд?

- Душвор набуд, вале вақти зиёд гирифт. Мо наметавонистем танҳо бо забони тоҷикӣ ё бо забони ӯзбекӣ кор кунем, зеро ҳунармандон аз ду кишвар буданд ва якдигарро намефаҳмиданд. Аз ин рӯ, омодагӣ барои мувофиқати ҳунармандони тоҷику ӯзбек дар майдон вақти моро зиёд гирифт. Тибқи нақша, пас аз оне ки филмро пурра омода мекунем, дар Тоҷикистон пурра бо забони тоҷикӣ ва дар Ӯзбекистон бо забони ӯзбекӣ дубляж шуда, намоиш дода мешавад. 

- Тавозуни ҳунармандон аз ду кишвар риоя шуд?

- Бале, тақрибан 29-30 ҳунарманди тоҷик нақшҳое бозиданд, ки диалог доштанд ва ҳамин миқдор аз он тараф буд.

- Тӯли шаш соле, ки ба ин лоиҳа машғул будед, дар миёни ягон кори дигари эҷодӣ кардед?

- Не, танҳо болои филми мазкур кор кардам ва ҳоло ҳам ба ҳамин кор машғулам. Бояд бигӯям, ки филм сохтан ҳадди ақал як сол вақт мегирад ва ман дар ин миён чунин имкон надоштам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.